Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў маънии бурду овард ва ҳамроҳ гирифта гаштани шоҳ Искандарро сарфаҳм намерафт. Тарсонданист ва ё намуданист, ки мурдан чӣ гуна шавад; подшоҳӣ ва ҳукми он чун бояд бошад.
Ватанро бо чӣ мардиву мардонагӣ аз душман нигаҳ бояд дошт?
Ва агар нотавон бошад, рўзаш чӣ гуна шавад?…
Ранг канда буд аз рўйи Азимулмулк ва ҳукми мурда гашта.
Вале аз тарси ҷон; барои иҷрои амри Маликуррум ҳампойи ў меравад. Меравад аз ҷое ба ҷое; менигарад ба мардумони худиву бегона, ки дар аввали кор чунин нигаҳ намекард аз шарм; аз шарми ноўҳдабаройӣ ва ҳаёи тарсуйӣ. Ҳоло дуздида-дуздида ба канорҳо, ба пасу пеш менигарад, ки шиносҳо ҳастанд ё на?
Агар бошанд, чун нигаранд ба ў. Аммо шиносеро намебинад ва дар дил шодмонӣ дорад, ки касе нафрат накунадаш. «Яқин, ҳама тириён мурдаанд.» Инаш гаронсанг; вазнинтар аз бори марги ў.
Боз сангинтар он, ки касони бегона ба ҳоли ў ханданд; гўё танаш об шуда бар замин чун домони дароз шорида бошад ва пойҳояш рўда шуда, ҳамроҳи домон кашол рафта бошад. Воқеан вазнин ва кашол аст; пойҳояш итоат ба фармони ў надорад. Ў аз паси шоҳ Искандар гом заданист, аммо пойҳои саркаши ландаҳур тани фаҳўли ўро кашида натавониста пас мелағжанд. Ў беихтиёр рў ба пушт орад, ки касе дошта қафо кашида бошад, то аз паси шоҳи бегона ва душман наравад, балки ба худ ояд… Дер шудааст.
Тавону нотавон пой бардорад ҳамқадами ў ва ба худ омада тан афшонад: «Мурдан ногузир бувад; шоҳ бояд шоҳона бимирад.»
Чун боз пештар рафт ва зиёдтар дид, яқин кард, ки батар аз гадо бимирад.
Ба назараш ҳавои пойгузории шоҳ Искандар ўро пеш барад: «Масхара кунад маро… масхара кунад ин шоҳи ҷавон, ки шарқиён ҳама ба якдигар монанданд: фирор аз душман кунанд; тарсу ҳастанд. Ман низ чун Доро шудам, аммо фирор накардам.
«Пинҳон шудан бадтар аз фирор» гўяд. Ҳо, фирор кўмак душманрост. На кори ҷавонмарди ватанпараст. То сар гирифтанашон мубориза кардан қаҳрамонист, ватанхоҳист… Инро ҳама донанд, аммо зўру ҷуръатро на ҳама доранд… Акнун ин душмани зўр сахт гирад маро, сар гирад маро… Гузашт накунад, авф накунад… Чунин. Лекин аз аввал хуш пазируфт. Чаро? Намефаҳмам. Шояд ба назарам намояд? Аз он ки зиндаам ва даст баста ба пушт ҳамроҳаш гом мезанам, шояд некӣ ва хушӣ тобад? Боз барои он ки ситам накард маро… Халтаи зар гирифту кам пиндошт… Вале чаро маро дар чунин ҳол ба ҳама намоиш диҳад, намефаҳмам.»
Шохи парешони қўч нагузошт сараш ҳамвор бошад ба замин, то гарданаш осон бурида шавад. Қассоб надонист чун бикунад.
Зеро нўки шохи чапи қўч ба замин халида, сари онро баланд ва гарданашро каҷ медошт. Сар буриданаш душвор буд. Сарборӣ
– наздик омадани шоҳ Искандар қассобро осемасар кард; ў пойи чап зери гардани қўч гузошт ва пойи рост пас лағжонд, то буридани гардани гўспанд мувофиқ ва осон шавад.

пешина
аз 391
навбатӣ