Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

вале нерўе буд, ки ўро бозмедошт ва то ҳанўз дарёфт накарда, ки он нерў чӣ нерўест.
Сутурон гушна, сипоҳиён ташна. Хаставу бефараву шалпар ҳама. Ва афтодаву бемадор пиёдагон.
Ҳамин замон рўз мешавад. Хуршед рух менамояд чун лаълии оташ ва ҳама ҷоро месўзонад ва боз одамону сутурон чун моҳиёни афтода ба соҳил даҳон воз мекунанд аз ташнагӣ. Сахт азобу озор доранд мусофирони роҳ. Вале Искандар ба ҳеҷ гуна шиканҷа сар намефарорад. Бояд ба даст орад Дорои Саввумро.
Ва аммо нахоҳад дамидани субҳро. На аз бими ташнагиву тафсову тамуз, балки аз овою нағмаи гўшхароши мурғони бадрў.
Офтобзард дар истгоҳи лашкари Доро расиданд. Ҷуз хокистари парешон ва порўи сутурон ва афкандаҳои сипоҳиён чизе набуд. Искандар хашм гирифт ба онҳое, ки асирии шоҳи Порсро оварда буданд. Ва ҳарчанд онҳо мегуфтанд, ки гоҳи сўйи шумо рафтанамон Бесус дар ин ҷо Дороро банд карда буд, шоҳ бовар намекард.
Искандар ба шиканҷа гирифт эшонро.
Чун Бесус донист, ки Искандари румӣ аз Дарвозаи Хазар гузашта, кўч баст, шоҳи асирро, ки аз бефаҳмӣ ва аз ғурури шоҳӣ ҳеҷ паст намеомад, барбаст дар гардунааш. Танобу каманд кашид ва ду сарбози чорафзори бохтариро аз ду ҷонибаш нишонд ва худ савори асби бохтарӣ баробари гардуна мерафт, то шоҳписанде ўро раҳо накунад.
— Раҳо бикун маро, Бесус!
Бесус табассум кард. Посух надод. Доро афзуд:
— Ман хоин наям...
Бесус хандид. Доро идома дод:
— Ман хоки Эронро ҳифзу дифоъ карданӣ будам.
Бесус хандид фарёдӣ. Ва сар афшонда гуфт:
— Оре! Мардона дифоъ кардӣ марзу буми Эронро.
— Нагузоштанд, Бесус. Маро нагузоштанд, ки ба майли худ рафтор кунам. Ихтиёрро ба сипаҳсолор Ортобозу писарони ў додам, хароб карданд ҳамаро.
— Ихтиёри зану фарзандро, ки ба душман додӣ, магар ихтиёри кишварро ба дигарон намедодӣ?
Сахт расид кинояи сатрапи Бохтар ба шоҳи Порс ва намедонист чӣ посух диҳад. Дасту по зад, то раҳо ёбад аз банд, аммо сахт баста буд. Дорои Кудумон ҳанўз ҳам хешро шоҳ мепиндошт ва умедвор низ буд, ки дастнишондааш ҳукмрони Бохтар ўро раҳо хоҳад кард.
Хомўш мерафтанд. Ҷонбозиҳои Дороро медиданд, аммо касе чизе намегуфт. Доро шўхӣ медонист ва сар намефаровард. Ба найранг гузашт:

пешина
аз 391
навбатӣ