Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Бо гўшҳояш чашми қўчро пўшида дошт. Баробари пуршаст рондани корди тез неши он якҷоя бо гардан нарангушти пойро низ бурид. Қассоб дам ба дарун пой пас кашид ва нарангушти бурида ба замин пахш кард, то шоҳ набинад. Қўчи магназада талвосаи хестан кард ва шохаш ба чашми қассоб бархўрда кафонд. Қассоб пойро фаромўш карда чашмро дошт ва корд аз даст афканд. «Ноомади кор!» гуфтанд.
Искандари рў ба рў хашм гирифт ноўҳдабароии қассобро. Вале чун бидид, ки қўчи нимбисмил ва саҳлангорона баста пой аз банд раҳо карда, бихест ва сўйи дарё тохт, ангушти ҳайрат газид. Қўч бо гардани хаму сари кашол девонавор тохту тохт ва ҷойи рафт надониста, худро ба об зад; андаруни об низ дасту пой мезад ва нафас нарасида зери об рафт ва боз рўйи об омад.
Ҳайрати Искандар афзуд. Аммо чизеро сарфаҳм нарафт. Аз ин рў коре карда наметавонист. Ва зуд Аристандри Талмосиро пеш хонд. Сарраммол, ки аз сирру савдо огоҳ набуд, Искандарро ба пардасаро хонд ва ҳамаро пеши назар овард, сар ба каф гирифт ва чашм кушода ба Искандар нигашт:
— Гўям, аммо хилофи кор накунӣ.
— Чунон кунам, ки гўйӣ.
— Дастони Азимулмулкро бояд бикушойӣ ва ўро раҳо кунӣ.
— Чун?
— Чунашро надонам, аммо оқибаташ хуб набошад...
— Беадаб! Бефаросат! Анҷоми бад насиби душманон бошад! Ва чун забонат гашт, ки гўйӣ: «душман раҳо бикун!» Магар надонӣ, ҳеҷ шоҳе душмани тавоно раҳо накунад!
— Ў чӣ гуна тавоно бувад? Ҳақиру бечора бувад.
— Ва ту бо кори шоҳон сарокалла машав!
— Умри шоҳ дароз бод! Он чӣ пеш омад, гуфтам. Сарашу равғанаш Азимулмулкро. Агар қўч рўҳи ў буд, худро ба об зад.
Вале аз дасти ў коре наояд ҷуз мурдан.
Таҳаммул кард Искандар. Назди қурбониёни дигар нарафт.
Дуздида ба Азимулмулк нигарист, ки ў аз сўҳбати онон огоҳ гашта ё на? Шоҳи Тир сар андохтааст; ба назар бими марг дорад. Дар андом, рафтор ва истоду нигоҳаш аз фарру шукўҳи шоҳӣ чизе вуҷуд надорад; сарлучу тиҳипой ва ишкелбадаст – дуздони ба даст афтодаро монад. Шоҳ қасдан ҳамроҳ бигардонадаш, то ҳамагон бинанду бидонанд, ки бадкирдор аст. Ин «бандии пургуноҳ»
умеди озодиву раҳойӣ надорад, аз ин рў сар андохта, ки қассоб сарашро бурад, чунон ки сари қурбониҳоро. Зеро нахустқурбонии инсонӣ ба роҳи Худои ягона, дар ҳамин наздикиҳо аз ҷониби Иброҳими Озар рух дода буд; ҳо дар ҳамин наздикиҳо дар хонаи Муқаддасе. Он вақт Худованд дида ва дониста буд ва ба имону эътиқоди одамӣ бовар карда, фармуд ба ҷойи Исмоил гўспанди кабудро сар гиранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё