Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Ва ҳолиё Худои Кабир ваҳй фиристода бошад, ки боз гўспанде қурбон гашта бошад ба ҷойи одамӣ?
Азимулмулки бо фарру шукўҳ ин дам ҳақиру зору залил тобад ва гоҳ-гоҳ аз зери абрў ба гомзании малик Искандар нигарад ва пиндорад: шоҳи бепарво ўро чун саги вафодор ресмон кашад ва пеши халоиқ гардонад. Ҳамин қадар монда, ки сагшоҳ сўйи осмон зуза кашад. Илтиҷо кунад Яздони покро, ки ў гуноҳе содир накарда, бал қавми хешро аз балоҳои осмонӣ ва заминӣ эмин доштанӣ буд, нашуд. Зеро Худованд нахост. Он, ки Худо хост, ў нахоста буд: «Эй Худои муборак! Агар ватанхоҳиву ватанпарастӣ гуноҳ аст, маро раво бувад ҳама гуна ҷазо! Ва агар ҳифзу ҳимоя карда натавонист, бадтарин гуноҳ бувад. Пас ҷуз марг подоше набувад…»
Искандар ҷое бозистод, ки қурбонии дигар кардан имкон дошт. Тафовути ин қурбонгоҳ аз дигарҳо ин буд: зеркунда надошт, зеркундае, ки сар бар он ниҳанд ва бо як зарби табарзин ё шамшери тез сар аз тан ҷудо кунанд; сар ҷудо рақсаду тан ҷудо.
Чашмони Азимулмулк сиёҳӣ заданд. Аз синаи чапаш чизе чун равғани гарм ба замин шорид; яқин кард, ки дилаш об шуда рехт. Сараш чарх гашт ва ў биафтод. Гоҳи фурў рафтани Осмон бар Замин садои хандае ба гўшаш омад. Садои шоҳ Искандар буд; масхара дорад; ба нотавонии шоҳони Порс хандад:
«Шоҳаншоҳ Дорои Кудумон пойдорӣ накард, амири як ҷазира чӣ кунад бо ман?» чунин расад ба гўши Азимулмулк. Вале нерў пайдо карда, чашм кушода посух гуфта натавонист. Гумонаш ба он дунё рафта, ки ҳама ҷо ором; касе дигареро набинад, яке ба дигаре коре надорад; он қадар ором, ки ҷазираи мурдаҳо бошад.
Аз зиндаҳои аз мурда батар танҳо ў монда, ки хаёл-хаёл ёдовар шавад дунёи фониро: он қадар пурталотум, ноором, ғашу ғализ, макруҳ, пурхун, пурмағал, гандидаву бадбўй, пуркина, пурғараз, хармиҷоз, сагтабиат… ба баргашта рафтан рўйи кас нашавад.
Танҳо ў ёдовар шавад дунёи ҳастиро, ки мулкаш як ҷазираи тангу номаш Азимулмулк.
Садои ханда омад ба гўшаш ва зери пардаи сиёҳ бидид, ки шайтонҳо рақсу бозӣ доранд; ба мурод расида онҳо: Аҳриман пирўз омада бар Ҳурмузд.
«Мурдаро қурбонӣ ангоштан хуб набувад!» садо омад.
«Худованд нахост, ки инсон қурбон шавад дар қатори ҳайвон!»
Ва Искандари Мақдунӣ ба андеша рафт: «Аристандри раммол пешгўйӣ карда буд, ки шоҳи гадосурат ва мурдаи зор сазовори қурбонӣ набувад.»
Ба сару рўйи Азимулмулк таровати оби сард расид. Пасон оби зиёд рехт. Сардиро эҳсос кард ва донист, ки ҷон дорад. Базўр як чашмашро кушод. Рў ба рў дар авҷи фалак осмони минўии баланд буд, чунон баланд, ки баъзан рангаш пеши назар тира ва беранг мегашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё