Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Холакҳои сиёҳ базўр-базўр ҳаракат доштанд; шояд каргасҳо бошанд… Як сиёҳӣ низ тори сар меистод ва гўё аз танаи кўҳ об мерехт ба сараш. Чашм пўшид, то об надарояд.
Об нарехт дер. Ғалмағал шуд. Дарёфт, ки ҳанўз ҳам дар дунёест, ки пурмағал ва серғавғо. Одамон барои хўрдани гўшти якдигар тайёранд… Чашми чап кушод, боз осмони шаффофро дид. «Он сияҳхолҳо каргасонанд.» Ба ямину ясор нигарист. Одамонро дид; Искандари хўдбарсарро дид; шоҳи рўйинлибосро. Кўҳосо баланд ва сараш осмонсо. Одамони рўйи заминро намонад. Ин қадар дарози ъод, ки Осмонро медошта бошад. Аз ҳаяҷон, аз чунин ҳодисаи нодир пуршаст чашмонашро кушод, то гум накунад оҷоиботро.
Вале боз ўро дид. Ва дарёфт, ки зинда аст. Дасту пой ҷунбонд; хаёлан ҷунбонд. Амал накард. Дар асл дасту пояш наҷунбида буд: «Зиндаи мурда… Кушад ё накушад, фарқ надорад…» Беҳ аст бикушад, то ранги зарди ўро, ба хоку гилу рег ағиштанашро, дасту пойи нокорашро, забони ногўяшро, ҳушу ёди ноҷояшро касе набинад, таъна назанад. Охир ў шоҳ буд; ҳукм дошт, амру фармон дошт, сиёсат дошт; одамонро аз кушишгоҳ, аз роҳи аҷал, аз ҳалқаи дор, сари бораи марг, тори зеркундаву зери табар, дами тир, неши теғу дами шамшер мегардонд; аз балову вабову қазову хато нигаҳ медошт; гуноҳи кабирро сағир мегардонд ва гуноҳи сағирро кабир мекард; ва метавонист ростгунаро бозгуна гардонад… Нозукии подшоҳиву мулкдориаш чунон буд, ки касе малулу озурда набуд; касе даъвои ноҳаққӣ надошт; касе номурод Тирро тарк нагуфта – орзуи мамолики дигар накарда ё деҳқонаш барои дигарон накишта; касе лаънаташ нахонда – даъвои авранги ўро накарда; озоду озода, муттаҳид, муттафиқ буданд тириён ва ягон дасисаву ғаммозӣ, ҷудойӣ наандохта миёнашон; ва сабаби дар чунин ҷанги шадид ва тўлонӣ тоб овардани онҳо ва тан ба душман надоданашон низ ҳамин ягонагӣ буд. Аз ин рў Тир ободон буд; атрофиён меомаданд ба ин боғи биҳишт. Худо донад, ки донишмандро, боҳунарро, киштисозро дар ягон мулки дигар ин сон эҳтирому тақдир кунанд.
Искандар, ки ба ҳоли чунин шоҳи нотавону тарсу механдид, якбора ғазаб кард:
— Аз чаҳор дасту пояш гирифта ба дарё андозед!
Азимулмулки батар аз мурда базўр маънии амри шоҳи тавоноро дарёфт. Барои хеш ангушт ҷунбонд ва зинда буданашро дониста, аз дил гузаронд, ки агар ба дарё андозанду рамақе аз ҷон монда бошад, ҳамчун зодаи баҳр аз об хоҳад баромад... Хаёле шод шуд ва ноаён даст ҷунбонд, пой низ. Ва донист, ки дасту пой зада натавонад ҳам, аввал сахт фурў равад ба баҳр ва аз ягон гўша чун мурда рўйи об баромада нафас гирад ва...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё