Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

… ва бардоштанд аз чаҳор дасту пойи Азимулмулк, равон шуданд сўйи баҳр. Аммо дар нимароҳ садои масхараомез ва ҳайратзадаи шоҳ Искандар онҳоро боздошт:
— Биист!!!
Бозистоданд. Ҳайрати шоҳи ҷавон на аз мурдан ё зистани шоҳи Тир, балки аз қурбонии наву навбатӣ буд. Магар шоҳи Тир амри ў ва ё забони бегонаи ўро нафаҳмид ва ё чизеро сарфаҳм нарафт, ки безобита нагашт, наҷунбид, ташвиш накашид; ё магар андешаи зиндагӣ ё бими марг надошт, ки мурдавор вазн андохта, ба касе ё ба чизе эътибор намедод.
Ҳамчунон аз чаҳор дасту пойи ў медоштанд бардошта. Искандар амри бурдану овардани ўро накард; балки масхара медошт, ки «шоҳ» – ро ҳамин зайл аз чаҳор дасту пояш дошта, аввал шаҳрро гардонанд; хосу ом бинад, пасон ба об андозанд. Искандар боз аз ройи хеш гашт магар, ки гом зада пеш омад ва сар хамида пурсид аз Азимулмулк:
— Мурдагӣ авлотар аз зиндагӣ?
Шоҳи Тир боз маънии пурси ўро нафаҳмид, ки посух надод.
Искандар ўро сахтгўш пиндошта кафи даст бар гўши хеш бурд ва ишораҳо кард: «Намешунавӣ? Намефаҳмӣ?»
«Мешунавам» – сар ҷунбонд Азимулмулк – «Забонатро намефаҳмам… Ту ба чандин забон мегўйӣ, Искандар.»
Искандар низ андешаи ўро нафаҳмид, вале пурсаш ба андешаи ў мувофиқ омад:
— Забони юнонӣ надонӣ? «…»
— А, надонӣ?
«Донам.» – ба ишораи сар посух дод ў.
— Агар донӣ, чаро посух нагўйӣ?
«Мадору забон надорам.» – забон аз даҳон баровард ў.
— Бигузоредаш!… Ў забони гуфтор надорад.
Ўро бозгузоштанд бар реги соҳил. Ба танаш нами реги карона расид. Зиндагиро ҳис кард. Садои ошнои моҳихўракҳоро шунид ва шарфаи ба соҳил бар хўрдани амвоҷро. Ашкаш баромад.
— Ай шоҳ! Касе туро шиканҷа накарда, чаро ашк резӣ? – пурсид Искандар.
«Ашки шодӣ» – нимтабассум карда ва ба ишораи даст ашкашро намуда, фаҳмониданӣ шуд Азимулмулк. Вале ҳайронтар монд, ки чаро дар чунин вазъу ҳол шоҳи пирўз ўро низ «шоҳ»
ном барад; зеро оҳанги таҳқирии ўро сарфаҳм нарафт; худ аз худ мадд кашид: «Шо-о-оҳ!»
Баъзе касон дар андешае буданд, ки чаро Искандари доно чун гурба бозӣ кунад бо муши ниммурда. Зеро ў чунин одати мушу гурбабозӣ надошт; якгир ва яклухт буд амру фармонҳояш. Нашуда, ки бо нафаре ҳамносанги хеш ин қадр гирўдор карда бошад.

пешина
аз 391
навбатӣ