Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Азимулмулк рў ба осмон хобида, ҷавонони шуҷоъи маслубро пеши назар меорад ва акси, ба назари ў, аз дарё ба само задаро тамошо мекунад. Хаёле, хобу рўъёе. Баъд кўҳи оташ ёдаш меояд ва он ҳам дар осмони минўйӣ алангаву забона мезанад. Он оташи баландро аз салибу маслубон афрўхта буданд. «Наход баъди он фоҷиъа низ умеди зиндагӣ бошад? Бегуноҳон кушта шуданд ба ҳазор машаққат. Магар мани пеши ватан, пеши халқ гунаҳгор зинда хоҳам монд?» Аз дил гузаронд ва сар бардошта хестанӣ шуд. Зўраш нарасид. Бозпас сар бар рег ниҳод; паси сар. Чун санги ғармич ба ду тараф ғал гардонд, то бинад киҳо ҳастанд.
Ҷуз Искандар рўйи шиносе набуд. Умед канд, ки касе кўмакаш накунад. Зеро ҳини сар бардоштан касе мадад накард, то баландтар шавад; ба по хезад.
Наздик омад Искандар. Сари пой нишаст назди ў. То дигарон нашунаванд, паст пурсид:
— Ҳама ҳунарат ҳамин будааст, чаро ин қадар ҷонбозӣ кардӣ?
Талаф додӣ? Аз аввал агар чунин сар фаровардӣ, чӣ шуда буд?
Азимулмулк ба посух додан андеша ҳам накарда, маргро нигарон шуд. Ҳолате буд, ки чашми боз сўйи Искандар дорад, вале равонаш рафта. Гўйӣ, ки замин таркида вулқоне шуда бошад, мурдаи хомўш фармуд:
«Зудтар бикуш!»
Искандар як қад парид, ки аз мурда садо омад; фоли нек набувад. Ба по рост шуд. Сар афрошта буд. Ба назари Азимулмулк ў ёзид ва аз пештара баландтар рафта сараш даруни пардаи осмон даромад. Ва ҳамон зайл сар аз парда бурун наоварда фармуд:
«Баредаш!»
Бурдандаш. Чун ҷой муайян набуд ва ҳукми ҷазо, то дари ҳарами Геракл бурдандаш; ба ҳарам надароварда, дами дар ниҳодандаш.
Азимулмулк чунин рўйи даст бурданро эҳтиром пиндошт; зеро бо гунаҳкорон муомилаи дигар кунанд: бикўбанд, доғ кунанд чу ҳайвони шахсӣ, пўст кананд; чун аз худ рафту мадори ба пой истодан накард, рўйи замин вазза кашанд ва парвое накунанд, ки гўшти танашро замини сахт ва сангу чўб харошаду тарошаду канад.
Чун бар замин ниҳодандаш, Азимулмулк дарёфт, ки касе бо нўки пой зад. Дард кард; сахт дард кард – сангинтар аз ҳама дардҳо. Нафаси дароз кашида бурун кард, ки шоҳро низ ба лагад мезадаанд. Хориовар буд, аммо гуфта наметавонист ба касе. Зеро дарди сахт дар пеш буд; дарди ҷонситон. Аммо ба назари шоҳи Тир лати нўки пойи ношиносе дардовар, аламовар ва нанговар тофт.
«Қубонии асосӣ ин ҷо шавад!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё