Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Шунид гўшонаро ва чашм пўшид. Охирин умед барбод рафт ва вопасин рамақ боқист. Дигар чашм пўшиданӣ нест, зеро сахт лат ёфт; нахустин лате буд, ки аз шоҳзодагӣ то шоҳӣ пеш омад.
Фаромўшнашаванда; ба хок барад ин насибаро.
Ва бардоштанд боз. Вале ў намедонист, ки барои чӣ бардоштанд. Чашм нимкоф карда, андаке сар бардошта диданӣ буд, ки куҷояш баранд; як нишонаи ҷойи ошноро медид ва фаҳм мекард, медонист, ки ба куҷо барандаш. «Ҳар чӣ бодо, бод!» Чашм накушод. Вале дер тоқат карда натавонист. Чашм нимроғ кард ва девори ҳарамро дид: «Қурбонии асосӣ ин ҷо шавад!» гўшаш садо дод. Якбора талвосаи хестан кард.
«Бихоб!»
Касе аз сари синааш пахш кард. Аз дил гузаронд: «на хобидан гузоранд, на хестан.» Ва садо дардод:
— На! Ман бояд бихезам! Танамро шўям, ки сахт ғажд шуда!
— На, бихоб! Табиб бояд бубинад, ки чӣ дард дорӣ?
— Чӣ дард дорам, худам медонам. Дарди бедаво. Ин дардро табиб лозим набувад…
Якбора хеле гуфт бемори беҳушу беёд ва сари андаке бардоштааш боз афтид.
— Саркашӣ накун! Шоҳ Искандар фармуда… Ё ин сў кунад ё он сў!
— Чун? – Боз сар бардошт.
— Агар дардат бад аст, зери хок; агар дардат нек аст, рўйи хок!
Азимулмулк боз сар пушт андохт. Баробари лангар дода бо малол аз дасту пояш бардошта бурдан такон мехўрду алвонҷ он сар ва ҷо-ҷо бармехўрд ба чизакҳои сари роҳ. Ва ёд мекард, ки ў шоҳе набуд, ки тасодуфӣ ба шоҳӣ расида бошад; таълимдида буд ва чун мерос бар тахт нишаст. Вале инҳо беодобона ва бетаълиму тарбият муносибат кунанд бо ў; ба шоҳигарии ў рост наояд. Акнун ба муқоисаи шоҳона гузашта буд, ки сараш сахт зад ба санге. Дастонаш раҳо набуданд, ки дорад, то дардаш сабук гардад…
Вале якбора кори дигаре шуд, ки фарёд зад:
— Чун Сикандар шоҳе одилтар набувад дар ҷаҳон!
Хушомад пиндоштанд бисёриҳо. Оқилона донистанд чанде; девона хонданд бархе.
— Касе гуноҳи душман набахшида, ки Искандар бахшида!
Ва дар ҳайрат гузошт ҳамаро. Чун аз ин ҷо то назди Искандар дур набуд, бардошта бурдандаш.
Шоҳ аз забони дигар суханони Азимулмулкро бишунид, заҳрханда кард, чашм танг кард, зери лаб ғуррид, мадди дарун кашид ва фармуд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё