Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

— Нигаҳ доредаш!
Нигоҳаш доштанд. Ва то омадани Филиппи ҳаким касе ба ў наздик нашуд. Рўйи роҳ рўболо хобида буд.
Филипп табиби хонадони шоҳӣ муоина кард беморро ва дарёфт, ки рўдаҳо холӣ ва шикам ба камар часпида. Муайян кард, ки бемориву бемадориаш аз гуруснагист ва ба саҳл зарбаву лат ё садои ноҷову сахт аз ҳолат равад. Шир бихўронданд ва афшураи мева ва ҷўши гиёҳҳои мадоровар. Муддатҳо баъд андаке ба худ омад; ҷон гирифт… ба пой шуд. Пасон хондандаш ба базми пирўзӣ.
Искандар харобаву сўхтаҳо ва хуну хокистарро нодида гирифт ва андар паҳлўи ҳарами «Геракл», ки ободтар аз дигар ҷойҳо монда буд, базми пирўзӣ орост. Ҳамагонро бихонд ба чунин базми пирўзӣ, ҳатто душмани ашаддӣ Азимулмулкро. Хонд; бо либоси фохиру шоҳона паҳлўи хеш нишонд. Беқарории ҳозирин ва саргўшиву баногўшии онҳоро дида, Искандар аз ишораҳояшон маъниҳои зиёд кашид ва боло баланд кард:
— Дўстон! Сипаҳсолорону сипаҳбадон! Сипоҳиён, мардум! Ман шуморо гўям: Ин шахс Азимулмулк, – даст сўйи ў ишора кард.
– Шоҳи Тир буд ва шоҳи Тир хоҳад монд! (Ғалмағал шуд миёни ҳозирин ва онҳо чунин андешаи Искандарро ҳар навъ тафсиру маънидод мекарданд ба таври хеш: яке сипоҳигарӣ мегуфт, дигаре давлатдорӣ медонисту сиёсат; баъзе макр мешуморид, дигаре ҷавонмардӣ меҳисобид ва бисёриҳо адлу инсоф менигоштанд.) Агар ҳар фард диёри худро чун Азимулмулк ҳифзу ҳимоя кунад ва то рамақе аз ҷон дорад, барои пойдории он мубориза барад, душмане ба он марз пой натавонад ниҳодан. Ва агар чун Дориюш ба саҳл фишор рў ба фирор орад, мулки ў на танҳо хароб, бал бегона шавад. Мо ба эҳтироми шоҳони матину рўйин пайк баланд кунем!
Садою фарёдҳои дилпазир боло шуданд, ки Искандар хуш дошт. Паймонаҳо болотар аз сарҳо буданд, ки Искандар меписандид. Ҷоми хосаи ў низ болотар аз сараш буд. Андаке каҷ шуд ҷомаш ё каҷ кард, ки ҷуръае шароб бирехт ба хок. Дигарон тақлид карданд. Искандар ба Азимулмулк ишорае накард. Зеро ў баробари ба забон гирифтани номаш сари пой шуда, пайк баланд медошт ва нигарони нўшидани шоҳи мақдунӣ буд. Таъзим кард ба Искандар; ба ҳозирин; низ ҷуръае ба хок бирехт. Умри дубораи хеш донист базмро ва ҳар чӣ бодо, бод! Ба сар кашид ҷомро.
Садои мусиқӣ пахш кард ҳама гуна садоҳоро. Аллакай сарбозони ҳангомахоҳ сархушона мекалавиданд ба оҳанги мусиқӣ.
Зеро медонистанд, ки Искандар баъди пирўзиҳо – гоҳи базм чунин ҳолатҳоро пўзиш хоҳад кард. Ҳатто бо занҳо наздик шудан ва бо гетерҳо рақсиданро рухсат медод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё