Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Ва гетерҳои нозанин ба рақс омаданд. Тойиси аз ҷониби шоҳ як муддат фаромўшшуда ба саҳна омад ва лўлиёна шона ларзонд; синаҳои тарангаш низ назокате доштанд дар ҷунбишу ларзиш.
Сабр аз дили мардон рабуд. Биталомуси ошиқ ҳамон замон аз назди Искандар дур шуда, паҳлўи Тойис ҳозир гашт. Тойиси қадрсўз ва худбину худхоҳ барои ангехтани ҳаваси шоҳ шона ба шона бо Биталомус бирақсид; гардан тофта аз сари китф ба шоҳзодаи мисрӣ менигарист ба меҳр ва шаҳватангез. Ва гоҳи давр гаштан чашмаш ба шоҳ меафтид, чунон мекард, ки шоҳ Искандарро намебинад ва барояш ў вуҷуд надорад.
Мерақсид шона ба шона. Миёну думбаи мўронаи Тойис гоҳи шона ба шона рақсидан имкон медод байни миёни эшон роғ ё бодгузаре пайдо шавад ва тарҳи қомату андоми гетери сарвболоро хубтару хуштар ва некўтар нишон диҳад. Ҳини чарх гаштану пайкари хеш афшонданаш, сина ларзонданаш, шона ҷунбонданаш, пушт хам хўрда миён шикастанаш ҷуссаи худосохтаи ў мардонро мекушт; чунинашро надида буданд мардони гурусначашм; дилашон гум занад ҳам, аз шоҳ ва аз Биталомуси пилтан тарсида, ҳаракат, ишора ва ё садои ноҷое намекарданд; магар баъзан маст шуда аз худ рафта бошанд, ки баъд адабашонро мегирифтанд. Дидаи мардон аз фарқи сар то нўки пой ва аз нўки пой то фарқи сар чун нур мелағзид. Гоҳи лағзидан оне дар чеҳраи ў, замоне дар сари синаи дамида ва лаҳзае андар думбаву миён ва ҳар ҷойи хубу хушу дилкаши раққоса қарор мегирифт, мечаспид… Тойиси нозанину боҳунар ҳамаро медид, дарку дарёфт мекард ва нозидаву хурўшида бо шавқу ҳаваси тамом, хеле дилрабо меларзиду мехиромид. Ҳамагон дида бар ў дўхта буданд; ҳатто Азимулмулки нимҷон, ки замоне пеш дасту дил аз дунё шуста буд. Искандар нигоҳҳои Азимулмулкро дарёфту бурид ва донист, ки шоҳи нимбисмил аз ҳунари беназири гетери соҳибҷамол рўҳу равон мегирад; китфонаш боло шуда мепаранд; лабонаш майли табассум доранд ва ҳатто фаромўш карда, ки ҳолиё дар ҳукми бандист. Ҳарчанд Искандар ўро шоҳи Тир хонд, ба расмият дароварданро фаромўш кард ва ё нахост. Лекин аз мушоҳида ба назари Искандар, гар ў ҳукми шоҳӣ дошт, Тирро бахшида буд ба ин мурғаки сабукболи бевазн… Гоҳ аҷабаш омада завқ мебурд шоҳи ҷавонбахт аз ваҷоҳату ҳаракатҳои Азимулмулк ва гоҳе хашм мегирифт, ки гург аз баррахўрӣ серӣ надорад.
Хубтару шевотараш рақси Тойис буд. Вале шона ба шона рақсиданаш бо Биталомуси пилзўр Искандарро нафорид. Гўё шоҳзодаи мисриро намешинохт ва чун Азимулмулк раққосаро бори нахуст медид; бо ҳавас, меҳрубон ва ҳатто шаҳватангез нигарист; аз ҷамолу андому тарҳу хушу ҳунару адои хуби ў ба ваҷд омад; ларзид. Андаке худдорӣ кард Чун дароз нигарист, ҳама хубиҳои ўро дарёфт; андоми бараҳнаи ўро ёд овард, меҳрубониҳои ўро, забони ширину садои рўҳбахш ва тани гарму ангезандаашро ёд овард; лаби ширини ўро миёни лабон гирифт хаёлан ва макид; ҳавасаш омад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё