Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ангехта гашт. Чашмонаш хуморӣ шуданд. Боде ё ҷўши хун бардораш медод, ки чун шеру паланг якбора ҷаҳад ва он ғизоли раъноро аз чанги гургон рабояд. Аз ин рў ҳавасаш ба рашк ва шавқаш ба ғазаб табдил ёфт. Ба Азимулмулки дуртар аз ў аз паҳлў нишаста зеҳн монд ва донист, ки мадори арғушт рафтан надорад, даст боло кард ба маънии «шод бош!» ва ба майдон омад. Ба нўки пой истода, дастон ба ду ҷониб болосо кушода як давр гашт ба нўки пойи чап ва мардона ба рақс даромад; гардан ёзида, хешро болотар гирифта, нишон медод, ки баландтар аз ҳама ўст. Биталомуси тануманд, Клити болобаланд ва Гефестиони хубчеҳр дар назди шоҳ ҳеҷанд.
Вале Тойис наомад ҷониби ў; бо шоҳзодаи мисрӣ Биталомус идома дод рақсро. Гумонаш Искандар намебинад ва парвое надорад. Гарчӣ Искандар гирифтори хеш, гўё ба ҳолату ангораи як ҳунарманди беҳамто мерақсид ва пиндорӣ касеро ё чизеро коре надошт, дар асл ҳама чиз зери назари ў буд; ҳар як ҳаракати Тойис, дуздида нигаштанҳои ў, қасдан бо Биталомус шона гузоштани ў; мақому нағмаву усулашро бо устурлоби чашмаш медиду мушоҳада мекард.
Тойис низ чун Барзини пешгўву ғайбдон аз дилу сари ў чӣ фикру андеша гузаштанашро медонист. Аз ин рў эътиборе надода, ошиқона бо шоҳзодаи мисрӣ мерақсид. Ва шоҳзода Биталомус пиндошта, ки Тойис рў аз шоҳи мақдунӣ гардонида, унс бо ў гирифтанист. Искандарро, феълу хў ва хашму ғазаби шеронаи ўро фаромўш карда часпону печон чун ошиқони мувофиқ бо гетери нозанин мерақсид. Ва боз зиёдтар рақсидан мехост: беист, дам нагирифта, то оне ки оҳанг қатъ гардад ва то даме ки Искандар аз худ бурун равад; шишаи сабраш шиканад.
Вале шоҳи ҷавону мағрур гирифтори андешаҳо ва нақшаҳои хеш рақсад беихтиёр; масти ҳунару кибру ғурур чунон вонамуд кунаду чарх занаду дасту пой, ки дар ин базм ҷуз ў касе набошад.
Рақсҳои мақдуниву оҳангҳои юнонӣ. Ин оҳангҳоро Тойис хуб эҳсос кунад ва чун хун аз рагҳои худ гузаронад ва мувофиқи зарбу садои он рақсад. Ва Искандар гоҳе сар андохта сўйи замин, гоҳе сар афрошта сўйи само; гоҳе пой сабук ниҳода ва гоҳе кўфта; гоҳе даст паси сар бурдаву гоҳе сўйи замину осмон – хаёлӣ, андешаманд, банду гирифтор; умед ба кадом мавҷудоти фалакӣ баста, вазнин-вазнин, сабук-сабук ва боре мувофиқи оҳанг тез, шўх ва чолок рақсад; боз пой кўбад, даст афшонад, сар андозад ва ягон-ягон нўки панҷа ба соқи мўзаи шоҳона занад.
Дигарон майдон фарох доранд барои ў, то дасти кушодаш барнахўрад ба эшон, пояш нарасад ба касе. Зеро донанд, ки шоҳи ҷавон дар ҳолатҳо ҳар ранг гардад: пўзиш бикунад гоҳе, танбеҳ бидиҳад замоне.

пешина
аз 391
навбатӣ