Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Пўзишаш сарафшонӣ; танбеҳаш нигоҳи сахту бад; хашм, чини абрў ва ситеза. Ва ҳоло бисёриҳо диданд, ки суст карда арғуштро нигарад сўйи Тойису Биталомус. Дигарон чӣ гумону андеша доранд, ў надонад. Аммо худ пушаймон, ки чаро бардошт карда натавониста нигашт сўйи онон. Онҳо, ки эътибор надоданд нигоҳи ўро, сахт расид шоҳро. Рў овард ба ҳамагон ва каф ба ҳам зад. Ҳама мувофиқ бо оҳанг каф кўфтанд ва Искандар шодмонӣ кард. Саҳна рақсгоҳ гашт ва ҳама рақсгар ва танҳо Азимулмулк тамошобин. Рўҳи шоҳро болида доштанд, ки пирўзии бузург ба даст овард. Тойис дар миёни анбўҳи одамон аз чашми Искандар дур монд; ў аз чунин фурсат истифода карда хешро канор кашид, вале дасти Биталомусро раҳо намекард; гўё рўдааш часпида бо рўдаи ў.
Ва бозистод шоҳ. Дасти росташ боло шуд ва ангушти ишорат тир ба фазо. Оҳанги мусиқӣ қатъ гашт. Ҳамагон дар ҷойҳои хеш бозмонданд чунон ки шоҳ. Ва яқин карданд, ки коре шавад. Хавфи ҳама бар шоҳзодаи мисрӣ буд ва ё бар Тойиси соҳибҷамол, ки шоҳ хуш накарда рафторашонро. Касе нафаси сахттар намекашид.
Акси садои оҳанг монда буд дар гўшҳо. Ҳама ҳайрон буданд.
Дар паҳлўи тахти шоҳ дили Азимулмулк ба бозӣ даромад.
Мушоҳида мекард, ки ҳолиё балое бояд бархезад. Ва ў илоҷе карда худро раҳо созад аз он гирдоб. Барои хеш ва ба ҳоли хеш месўхт. Зеро ў низ шоҳ буд ва дар базмҳои шодӣ эътибори беш дошт. Ва ҳоло чун хўса оварданду нишонданд паҳлўи тахт, то бубинад, ки дунё чӣ рангҳо дорад. Аммо ў аз рангҳои фиребои гетӣ андеша надорад ва рамзҳои рангаи оламро сарфаҳм наравад. Ў донад, ки дар олам ду ранг ҳаст: сапед ва сиёҳ. Сапедро бо ҳар ранг омехта дигаргун кардан имкон дорад, аммо ранги сиёҳро билкулл нобуд сохтан лоимкон бувад. Ранги сиёҳ ҳама рангҳоро хўрад. Ҷуз аз ранги сапед, ки ҳар ду ранги сурх зоянд; аз ҷангҳои сиёҳиву сапедӣ ранги хун боқӣ монад рўйи замин.
Ҳолиё андеша дорад, ки гуноҳи «кабира» – и ў ранги сапедро монад ва шоҳ Искандар тавонад бо ҳар ранг омезад. «На… Шоҳ Искандар наёмурзад гуноҳи маро. Балки масхара дорад. Қасдан маро оварда нишонд, то бубинам пирўзиву тараби ўро.» Дили нимҷони Азимулмулк тез тапид. Сару танашро арақ пахш кард.
Оташ гирифту тафсид; арақаш рехт ва сард гашт: «Агар рўбоҳӣ надорад, хуб аст.» Аз дил гузаронд шоҳасири озод ва сурфаи андар гулў бозмондаро натавонист бурун кунад. Панҷа ба гулў бурда молиш дод ва дид, ки касеро таваҷҷўҳ ё эътиборе нест бо ў. Молиш дод ва хафа кард гулўро номаълум: «Гуноҳи маро ҷуз худам касе наметавонад ислоҳ кардан. Дастони худам бояд маро бикушад.» Сахт пахш карду фишурд панҷаашро: «Искандар таъкид дорад, ки мурдани шоҳи мулк афзалтар аз тамошо кардани базми пирўзии душман.» Гўйӣ дар гулўи Азимулмулк устухон дармонда бошад, чашмонаш чу айнаки ғук ҷаста баромад; сар ба муттакои сандалӣ бизад.

пешина
аз 391
навбатӣ