Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Панҷааш аз бемадорӣ суст шуд. Аммо касе огаҳ нагашт аз ҳолу кирдори ў…
Тойис шод буд, ки рафтораш кора кард шоҳ Искандарро. Вале ношод буд, ки анҷоми кирдорҳо нопайдост. Равшан набувад, ки қуръаи фол ба номи кӣ афтад? Ў шиканҷа кашад? Биталомус танбеҳ бинад ва ё шоҳи Тир? Онҳо аз канор тамошо доранд рафтори шоҳро, то бо чӣ анҷомад таваққуфу танаффуси ў. Тамошои шоҳ ҳуши гетери боҳунарро бурд: «Ман туро гуфта, омадам, Искандар.
Хуб донӣ, ки зиёдтар аз шоҳдухтарҳо будам. Меҳрат маро биёбонгарду дарёнавард кард. Чӣ корест, ки бо ман бикунӣ? Барзини бодовардро зан бихонӣ, маро аз дилу дида биронӣ…»
Шоҳ Искандар ба назар ҷон гирифта ба ҷунбиш омад ва нимдоира гашт. Ўро равшан шуд, ки огоҳ набуда аз сирру савдои ошиқон; хаёл мекард онҳо гоҳ-гоҳ сўҳбат аз шоҳи ҷавон оро медиҳанд. Пиндораш буд, ки дар олам танҳо ўст; чун гетерро ў овардааст, бояд танҳо дар бораи Искандар фикр кунад ва ҳар касу ҳар чӣ пеш ояд, сарфи назар карда, шоҳи мақдуниро донад.
Зеро Искандар танҳо аз хусуси хеш ва фарзонагии худ андеша дошт. Базм ҳам барои ў буд; ҷашнҳои пирўзӣ ҳам; эътибораш то ҳадде буд, ки касе суханашро ду карда наметавонист ва фармудаашро рад.
Тойис дида ҷунбиши ўро қад ба қомати баланди Биталомус рост кард ва ба рўйи ў нигарист. Вале гўшаи чашм ба шоҳ дошт.
Шоҳ ангушти ишораи ҳанўз ҳам сўйи само бардоштаашро тир ба Тойис кард. Бадани гетери банди хаёл ва андешаҳо ларзид.
Биталомуси пилтан сипар шуд ўро. Ҳамагон ҳайрон монданд, вале надонистанд ва натавонистанд коре бикунанд ё чизе бигўянд.
Азимулмулки рафта аз ҳолат ба номи дигаре афтидани қуръаи фолро пай бурда, ҷон гирифт ва сар пеш овард, то хубтар бубинад.
Искандар ба сухан пардохт:
— Дўстон! Разми тўлонии Тир дилгиру дилбазан буд; аз ҳама чиз маҳрум шудем: дербоз рақсҳои дилнишину фараҳафзои гетерҳои нозанинро надида будем. Ҳоло пай бурдам, ки пазмон шуда будайем хиромидани онҳоро… Як навбат майдонро озод бигузоред, Тойиси ҳунарвар бирақсад; танҳо бирақсад! Ёд кардем, пазмон шудем арғуштҳои ўро!
Парешон шуданд дигарон. Тойис танҳо бимонд. Аммо Биталомус чандон дур нарафт аз ў. Акнун Тойиси миёни давра ягона чун муҷассамаи ҳусну малоҳат метофт: мўйи сиёҳи фатилаи хоси духтарони юнонӣ шонаҳояшро пўшида буд ва рўяш чу моҳ метофт миёни шаб. Вале табассуми одатиаш аз лабон парида буданд ва андешаманд метофт духтари Онаниюси тоҷир. Гетери зирак андеша аз рафтори шоҳи ҷавон дошт, ки чаро чунин кард? Аз дасти падари меҳрубонаш рабуда, гўё ба ивази модараш (Олимпиадаро ба Онаниюс бахшида) ўро ҳамроҳ гирифта, то чунин хориҳо расонд; ва инак гуноҳи хеш надониста (шояд рашк бурда), аз дўстдораш Биталомуси меҳрубон ҷудо карданист; ва аммо шодон буд дар дил, ки бар шоҳи дар ишқу муҳаббат сабуксор, вале ба таври хеш мағруру худхоҳ пирўз омад.

пешина
аз 391
навбатӣ