Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Ҳолиё гетер пай бурда, ки шоҳи пушаймон майли ў дорад ва аз ин рў майдонро холӣ кард: «Агар макр, найранг ё чизи дигаре набошад.» Андешаманд буд гетери боназокат: «Агар дар Отин будам; назди падари тавоноям будам, гўш надода будам Искандари булҳавасро. Бал дасти Биталомуси бовафоро гирифта, бурун омада будам аз чунин давраи дилгир.
Вале ҳолиё биринҷ набардорад обро.»
Садои мусиқӣ баромад ҳазин. Тойис бол кушод чу тавсани зебо ва тоҷи ҳунар бар сар ниҳода буд ба сони маликаи хубон ва мурғаки пўпидорро монад. Ў донад, ки сарахбори оҳанг касро ба дуриҳо; ба фалак, сўйи само барад ва аз баландӣ фариштаи ҳунарро ба замин хонад. Ва ў бояд чун кабўтари сапеди зебои пўпакдор ва парпо, минқораш сурх ва чашмонаш сиёҳи зинда оҳиста сабук ва гуворо фурў нишинад рўйи замин ва боди пару болаш сўхтагонро ҳаловат бахшад. Бояд ў ба хок нишинад; гирд гардад ва ёр ҷўяд: «Ку? Ку-ку?»
Тойис бол кушод чу он мурғаки барояш беноми бори нахуст дар кадом бешаи сари роҳ дидааш, либоси ҷигариранг дар бар дошт аз пару бол ва пўпаки фахидаи лайси шулашӣ, ки дар миёнааш як пари сапед чу хол метофт ва ду чашмаш холи сиёҳ буданд; думи шаффофи на дарозу на кўтоҳ – миёна дошт ва ниҳоят ором менишаст дар шохсор; гўш медод: ё ба садои ёр ва ё ба овои ошное… Ҳолиё раққоса ба д-он монад: орому хомўш; гўш ба овое дорад… Ва бол кушоду парид аз шохсор мурғак; бол заду бол зад андар фазо ҳамаро зери бол гирифта ва дунёро мушоҳида карда…
По кўфту даст афшонду сар андохт гетер, ки баъзан аз худ бурун мерафт. Нашуда, ки гетер бо ситеза рақсида бошад.
Ва оҳанг оҳиста-оҳиста ба чаҳорзарб бадал гашт, ба чаҳорзарби кўҳистонӣ ва бо тааннӣ шўх шуд. Раққоса нўки пой чанд бор ба замин кўфт, ангушта бизад: қарс-қарс! Пасон биларзид.
Камар шикасту ҷунбонд: тан ҷудо, камар ҷудо, сина ҷудо, шона ҷудо; думба ҷудо, рон ҷудо, сурин ҷудо, соқ ҷудо; китф ҷудо, бозу ҷудо, банд ҷудо, панҷа ҷудо; сар ҷудо, гардан ҷудо, абрў ҷудо, рўй ҷудо; чашм ҷудо, миҷа ҷудо, мўй ҷудо; банду пайванд ҷудо ларзиду ҷунбиду шикаст.
Тойис чарх гашту давр гашту гирд ва ларзону ҷунбону хиромон чу кабк омад ҷониби боз. Лаҳзае бозистод чун санами зебо ва сар андохт сўйи шоҳ. Искандари дурандеш баланд шуд аз маснади шоҳӣ ва омад чун боз ҷониби кабк. Аз андешаҳои ботинӣ монанд буданд ин ду мурғро. Аммо чу ба майдон омад Искандар, оне қарор гирифт; пасон бол кушод чу товус сўйи тазарв.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё