Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Бол кушод чунон ки хурўс гирди мокиён: гоҳе дасти ростро боли кашол мекард ва якбора гашта дасти чап бар қади пойи рост меёзид, пар-пару қанотак мезад ва ҳисор мегирифт гирди нозанинро; гоҳо боло мегирифт қомат, гоҳе паст, ки сар ба пойи малика месоида бошад.
«Ба ҷойи узр, омурзиш мепурсад барои бепарвоиаш.» Аз фикр гузаронад Тойис ҳини хурўши рақс.
Ва каф кўфтани ҳамагон ўро ба худ орад. Чашмаш ба Биталомус афтид, ки такя бар девор зада, дастон зери бағал дорад ва қантар нигарад ба ў. Аммо дилаш дар тапидан. Арақ шорад аз сару рўяш, зеро ҳазм карда наметавонист ин бозии ба назари мардум сархўрро. Дуздида-дуздида ба Барзин менигарист, ки чӣ ҳол дорад. Чун бинаду чӣ гуна тоқат кунад. Рашки мардон сахт аст ё рашки занон; ба назари шоҳзодаи мисрӣ то охир ҳамин зайл орому бепарво тамошо кунад Барзин ва чун модашер якбора ситезад?
Вале ў ҳамроҳи модараш дуртар аз Азимулмулк нишинад. Ба назар бепарво; мазмун, барои он ки хубтар аз ў касе хиромида натавонад; нозукиҳои оҳанг ва маънии онро Барзин беҳтар сарфаҳм равад. Аммо модар шефтаи ҳунари онҳо ва ё ба хотири домоди номдор каф мекўфт, то шоҳ бинад. Ва Барзин ба эҳтироми модар, пайрав гашта базўр-базўр кафҳо ба ҳам мерасонд, то асрори рашк ҳувайдо нагардад. Катоюн хандон ва бо завқи зиёд ба духтар менигарист ифтихор аз домод карда ва сахт каф мекўфт; ҳатто бурун аз худ рафта. Аммо Барзинро ғаш омад: «ки ҷонам меравад, бовар надорад.»
«Ин бозӣ, Барзин. Дар бозӣ рашку ҳасад набояд бошад.»
«Медонам, ки бозӣ… Лекин бозӣ агар ростин бошад.»
«Бозӣ дурўғин ҳам мешавад?»
«Мешавад.»
«Агар шавад, саҳлангор бой диҳад…»
«Оре… Лекин ту як бор Биталомусро нигар. Бубин, чӣ нафрате дорад. Ў низ шоҳзода бувад; рўзе расад, ки алам ситонад.»
«На Барзин: шоҳзодаҳо гетерҳоро ба занӣ нагиранд; вақт гузаронанд.»
«Вақт ки гузашт, чӣ монад, модар?»
Катоюн ба пурси духтар посух надод, балки биандешид ва барои он ки аз фарогўшиашон гумони бад набаранд, гуфт:
«Барои одам, бавижа барои зан болотар аз рашк зараре набувад.»
Ва кўтоҳ кард сўҳбатро даст бар зонуи духтар монда ва фаҳмонда, ки аз тамошо монд. Барзин дар андеша зад, ки то ин дараҷа соҳибдил будани модарро намедонист. Агар модари дигаре буд, «барои бахту тахт мубориза бояд бурд» мегуфт ва духтарро меангехту меситезонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё