Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Вале модар андешаҳои духтарро аз ҳолаташ хонд, ки гардан каҷ карду фармуд:
«Хубтарин ва сахттарин мубориза сабр бувад.»
Барзин модарашро дўсттар дошт; ва як лаҳза аз нозғунҷиҳои кўдакӣ сар бар сари зонуяш гузошт ва то беодобӣ напиндоранд, боз рост шуд.
Искандар пой мекўфт. Тойис меларзид ва зери боли шоҳ ҷой гирифта мерақсид. Шоҳ ангушти ишорати ў гирифту боло дошт ва андар кафи даст тир кард. Гетер ангушт ба кафи ҳамрақс тир дошта ҷувозак мегашт доман хиргоҳ занонда. Шоҳ аз камари ў гирифт, раққоса худро пушт андохт ва рўйи дасти Искандар муаллақ монд. Ва баъд сина ба сина шуданд; Тойис кафи дасти рост ба кафи дасти чапи шоҳ гузошта буд ва дасти чап бар китфи ў ниҳода. Гирд мегаштанд бо ҳам часпида чун морони ҷуфтшуда.
Дили Барзин шуввӣ фурў рафт. Гумон кард, тифл афгона шуд ва зери пой омад. Як қад парида ба модар часпид…
— Ором бош, Барзин! Мегузарад… – рашк пиндошта гуфт модар ва духтарро ором карданӣ шуд: – Магар надонӣ, ки шоҳон ҳар чӣ хоҳанд, он кунанд… Қиссаи гетерҳо равшан аст; бесоҳибанд… Искандар бе гетерҳои нозанин ба сафар набарояд. Аммо шоҳ туро болотар аз ҳамаи онҳо гузошт. Инро қадр бояд кард…
Гетерҳо дилхушии шоҳ, дилхушии сипаҳсолор ва сипаҳбадон буванд. – Канда-канда гуфт модар ва гесўи ба рўяш омадаи духтарро пушт зада ва паси гўш хобонда, идома дод: – Ту боақлтарин зан ҳастӣ, духтарам… Гумонам худат ҳама чизро мефаҳмӣ; аз рўйи ақлу фаросат қазоват мекунӣ… Душманро бо шакар куштаанд…
Магар гўши Азимулмулк бод гирифт, ки сўйи модару духтар нигарист ва аз ҳоли онҳо огоҳ гашта, касеро ба кўмак хостанӣ шуд, вале худдорӣ кард; гарчӣ мулкдор дониста мешуд: «Ба кори давлатдорӣ ва рўзгордории дигарон набояд дахолат кард.» Ба рақси шоҳу гетер ва ба модару духтар менигаристу безобита мегашт, ки шояд огоҳ гарданд, вале касе ин ҳолро пай намебурд ва ё пай барад ҳам, парвое надошт.
«Ба ростӣ, аз ҳамаи инҳо ту боҳуштар. Бедор бишав. Хоболуд ҳарфе магўй; андешаи беҳуда макун… Ин бозист. Дар бозӣ буғзу кинаву ҳасад набояд ҷой дошта бошад. Бозиро касе мебарад, ки софдил ва нерўманд бошад. Ту, ки дар ҷойи хеш барбеҳуда суст мешавӣ, чӣ гуна пирўз гардӣ? Сар бардор… Бубин, ҳама ҷо ба ҷо шуд… Тифлатро эҳтиёт бикун… Ў ояндаи ту; ояндаи шумост…»
Каф кўфтанд баробари шикастани оҳанг, ки Тойис рўйи дасти рости Искандар камаршикаста ва мўяш афшону парешон буд.
Гетери нозанини арақшор бо ҳазор ишваву ноз аз зери манаҳи шоҳ менигарист ва намехост бархезад. Миёни низомиён ва хонадони шоҳ нишон доданист, ки ўро гуфта омада ба корзор…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё