Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва инак шоҳ бояд миёни хосу ом хости дил бигўяд, то донанд, ки гетери соҳибдор аз чӣ рў аз баҳри ҳама касу ҳама чиз гузашта шоҳи ҷавонро дунболагир шудааст… Вале нияти ў амалӣ нагашта, шоҳ бардошташ ва рост гузошт ба пой. Лаб фарогўшаш оварда чизе гуфт кўтоҳ. Тойис пеши пойи шоҳ зону зад. Искандар боз бардошташ. То назди гетерҳо гусел кард. Аммо сўйи Биталомус нигоҳе накарда, баргашт бар маснади хеш. Ҳанўз каф мекўфтанд.
Азимулмулк гоҳ-гоҳ сўйи модару духтар менигарист. Искандар аз нигоҳи парешони ў рамуз гирифта, нигарист он сў ва дид, ки модар Барзинро ба курсӣ менишонад. Искандар каме ба худ омада дурурсттар дид ҳолро ва илоҷи кор аз табиб донист. Ишора бар ў кард. Табиб сархуш намуд. Табъи шоҳ хира шуд. Зеро Искандар табиби хонадони шоҳӣ Филиппро борҳо таъкид карда, ки зиёд нанўшад; ҳама вақт ақлу ҳушаш баҷо бошад; сабаб он ки гоҳи падараш шоҳ Файлақуси Дуввумро корд задани хоинон Филиппи табиб базми заношўии шоҳро баҳона карда он қадар нўшида буд, ки ақлу ҳуш аз сар парида, ба муоина ва муолиҷаи ў комёб нагашт. Ҳолиё хуш наомад рафтори табиб шоҳро. Филипп ғазаби шоҳро дарёфт ва аз тарс ҳушёр бишуд. Табиб номаълум назди бемор бирафт ва ишора ба бурдани ў кард.
Бурдандаш ба ҳарам. Искандар то бурдани Барзин парешон буд; сонӣ фаромўш кард; дертар… Андоми тарошида ва ё бо ҳазор ҳавасу ҳавсала сохтаи худованд шоҳро моту маҳбут гардонд.
Пироҳани сиёҳи хоси занони машҳури отинӣ чун пўсти тулени нав аз об баромада ба тани Барзин часпида, миёни мўронаашро возеҳ нишон медод. Шоҳ Искандари гетерпараст андоми бараҳнаи клоссикии занро борҳо дида, арғушту нозу ишваашро беҳисоб тамошо мекард; аз шавқу завқ пештар шў кардани ўро аз ёд дода, сахт ба танг мекашид ва махсус камари борикашро оғўш мекард; вале чунин аз ҳад зиёд дилрабо ва шавқангез будани пайкари беназирашро нахустбор дидан дорад. Вале чун бурдандаш ба ҳарам, нарафт аз паси ў…
Шоҳ чу қўчи масти биниаш бў гирифта ва варамкарда миёни гетерҳо истода ҳайрон ва ба ҷойи Барзин гетери нозанин Тойис пеши чашмаш. Яқин ўро девона гардонад. Шоҳ базмро шикаста, бурданист ўро ба шодурвони хеш. Менигарад сўйи ў чунон ки қўч ба меши нарталаб. Тойис ситода миёни гетерҳо дуртар аз Биталомус; аз Биталомуси бовиқор, ки рашк, ғазаб ва хуни ҷўшидаашро танҳо сарлашкар ва шоҳ будани Искандар фурў нишонад.
Ў низ нигарон аст сўйи Тойис, аммо бо нафрат; сахту сард, ки ҳолиё дар ҳамин майдон шоҳ «пассс» гўяд, хам хўрад чу мокиён зери пойи ў. Аз ғазаб суп-сурх гашта чу тоҷи хурўс. То алҳол Искандарро эҳтиром дошт чун шоҳ, ҳолиё чун рақиб рашк барад; эҳтиромаш гашта ба интиқом. Шароб баҳона, ки ангехта рашку ғазабу нафрати ўро.

пешина
аз 391
навбатӣ