Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Дар асл як ҳисси мардӣ, ору номуси ҷавонмардӣ ва меҳру муҳаббати раққосаи бемислу монанд ошиқро ба чунин ҳол оварда. Ў медамад худ аз худ чу шери дар муҳаббат танҳо ва нахоҳад, ки шоҳи мутлақ марзи муҳаббати ўро рахна занад; вале шоҳ шоҳ бувад ва канизак, гетер, занони асираву зархарид натавонанд аз итоъати ў баромадан. Ҳамин чизро Биталомус донад ва оташи хашму ғазабаш андаке фурў равад, ки то шоҳ ҷавоби гетерро надиҳад ва ё аз баҳри он набарояд, мушкил аст якҷоя шудани шоҳзодаи мисрӣ бо Тойис. Ё муҳаббати беандозаи ў ба фоҷиъае табдил меёбад ва ё дар як замони худохоста бо ҳазор нафрин онҳо даст ба даст гирифта аз олами пуршўру шарри искандарӣ ғайб хоҳанд зад.
Шароб ангехта рашку нафрати ўро. Ҳанўз ҳам дастон зери бағал довталаб ва бо виқору ниқор дуздида нигарад нафратбор сўйи онҳо ва буғз дорад ба гетер, ки хўдро чун парвезан миёни ду шоҳзода танаду даккаву такон хурад; вале натавонад, ки домони киро дорад. Ҳолиё косаи сабраш саршор гашта; васвасаи аҳриманӣ такону тела диҳадаш, то ба майдон ояд ва чанг ба чанг шавад бо дўсташ, ҳамрикобаш ва ҳамсоғараш шоҳи мақдунӣ.
Аммо касе аз гиребони пушти гардани ў дошта пас мекашад ва ў пас гашта менигарад, ҷуз худашу девор касе нест. Ҳис мекунад, ки фариштаҳои сиёҳ нишаста бар бозувонаш ва мағзашро ангез диҳанд, ки барояд ба майдон. Ба ҳеҷ чиз нигоҳ накарда, шоҳии Искандарро фаромўш карда барояд ба майдон ва ба сипоҳиёну оламиён намоиш диҳад, ки ишқу муҳаббат чӣ гуна шавад. Ў дар ҳусну малоҳат ягона бинад Тойисро; он чиро дар ин мурғаки хушбол дида, ки Искандар надида. Он чиро дарёфта дар ў, ки шоҳи ҷавон пай набурда. Ё худ имкону булҳавасиаш зиёд аст; аз ин рў ҳадду марзро риоя накунад.
Шудааст, ки шоҳ борҳо Биталомусро гўшона ё рўёрў гуфта:
«Эрис аз Тойис камӣ надорад.» Ғараз ин аст, ки чортан бошанд ва сўҳбату маишаташон хуш гузарад. Аммо Биталомус майл ба Тойис дорад ва ўро хуби хубон донад. Ба назари Искандар расад, ки ё кори шайтон аст ва ё қасдан чунин рафтор кунад шоҳзодаи мисрӣ. Аз ин рў баъзан ба хадуки ҷўрааш бирасад.
Ҳолиё зери абрў менигарад ба шоҳ. Искандар чашм ба Тойис дорад. Тойис аз дасти Эрис сахт доштааст ва дар чашми Искандар меларзад; вале менигарад ба шоҳзодаи мисрӣ. Гирифтаҳол ва андешаманд сар андохт гетер ва якбора хешро ба оғўши Эрис зад. Мазмун, лоилоҷ бувад ва миёни обу оташ афтода…
Искандарро намуд, ки гетер аз рашки Барзин чунин кунад; ба қадри хештан сўхта; сабру тоқат аз даст дода ва аз ҳолат рафта вазн ба Эрис андозад. На, аз хаста ва бемадор шудан на. Аз кўтаҳандешии хеш ва пушаймонӣ. Танҳо Эрис расад ба мадади ў ва фаҳмад аламашро. Зеро Тойис чун Эрис бекас набувад; падари номвари сарватманде дорад, ки шоҳро замоне дастгирӣ карда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё