Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Духтар метавонист аз давлати падар умр ба сар барад ва дар тамоми Юнон ҳунар намояд. Аммо шоҳ Искандари Мақдуниро гуфта, ҳампойи лашкари ў шуд; умедвор буд, ки шоҳ ба занӣ нагирад ҳам, як умр маҳбуба хонда ўро шодон гардонад; лекин бозие сар шуд, ки гетер ба таҳаш нарасад.
Эрис сари ба сари китфаш гузоштаи Тойисро сила мекунад ва тамоми умри ҳавасакӣ гузаронидааш, ки гўё аз раққосагӣ беҳтар шуғле дар ҷаҳон набошад, пеши назар меояд ва хораш медорад, ки «ба бўйи кабоб омаданд, вале диданд, ки харро доғ кунанд.»
«Ман аз зарурат омадам, Тойис; аз дасти бекасӣ. Аммо ту, ки падари меҳрубону доро доштӣ, чаро ин корро кардӣ?» Тойис чизе посух дода натавонист; танҳо сар бар китфт ў ғал мегардонд:
«Намедонам… Намедонам чӣ бало зад маро…»
Фарқи зоҳирии Эрис аз Тойис дар мўяш: мўйи хурмойӣ дорад Эрис, вагарна андомаш чун пайкари Тойис хуштарҳ. Ҳамин ранги мўй чӣ гунагии чеҳраи онҳоро муайян созад. Ва эътибори Эрис камтар аст аз эътибори Тойиси мўйсиёҳ. Аммо Эриси софдил, бекина ва ятим ба воя расида ба ин чизҳо аҳамияту эътибор намедиҳад ва он чӣ худ аз сар гузаронда, Тойис набинад, мегўяд.
Эрис донад, ки хешро ба Биталомус наздик гирифтани Тойис аз алам аст; оқибати нохуби онро дониста ба ў андарз кунад, ки аз баҳри чунин рафторҳои нохуб барояд, вале Тойис ба ҳеҷ ваҷҳу ҳеҷ чиз ба дили озурда ва шўрида ва ҳолиё сустгашта таскину тасаллӣ бахшида наметавонад.
Биталомуси сархуши наздик ба девона майли назди Тойис кард ва ўро боздоштанд. Шоҳзодаи тануманди шўрида ва ба танг омада ба ду ҷониб барҳам зад онҳоро ва рафтагор шуд сўйи гетер. Чанд тан ба шитоб ва зўрӣ боздоштанд ўро: «Ҳуш дорӣ? Бо шер бозӣ мекунӣ?» Писанд накард ва посух дод беҳушона: «Шер манам!» Ва сахттар доштанд дандонҳо ба ҳам фишурда сарфавҷҳо ва ҷондорон, зеро аз анҷоми кор метарсиданд ва намедонистанд чӣ пеш ояд. Ва аммо говзўрӣ дошт Биталомус.
Баногўшӣ кард Эрис бо Тойис. Тойис нигарист сўйи шоҳзодаи мисрӣ. Чун кашокашу пархоши онҳоро бидид, ангушти ҳайрат газид: «Нохуб шуд.»
Ҷаҳди Биталомус, ки аз дасти ёрон раҳо гашта, то ёр расиданист, сахт аст. Чун ёрон оқибати чунин ҷаҳду ноҷўриро медонанд, ҷавони пилзўрро раҳо кардан нахоҳанд. Вале ў ба ҳукми зўрӣ чанд тани онҳоро пеш мекашад.
Тойис чунин ҳол дида, худро ба Эрис ҷафстар кунад; китф дарҳам кашида тангу борик гашта дар паноҳи ў ҷой шуданист, ки парастор ва паноҳгоҳи дигаре надорад. Хавфи ў на аз Биталомус, балки аз шоҳи ҷавон, ки чунин рафторҳои нохуб ўро баҳона гардад ва то ангезандагони чунин алангаҳоро яктарафа нагардонад, қарор нагирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё