Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Хуб аст, агар Искандар асбоби талоши Биталомусро дигар чиз пиндорад; варна Худо нигаҳ дорад аз ғазаби ў.
Ёрони шоҳ Протей ва Аминта, ки гирди ў давр мегаштанд, рафтори Биталомуси пилзўр дида, наздаш омаданд ва аз гўшаш ҳазломез кашиданд:
— Ту, ки бо андак шароб сархуш намешудӣ, чӣ бало задат, Пилзўр?
Биталомуси тануманд бад медид, ки касе гўши ўро тобад; зеро ҷуз Искандар дар ин сипоҳ касе нест, ки панҷаи ўро тоб диҳад.
Хашм гирифт. Вале чун садои Протейро шинохт, донист, ки барбеҳуда набувад омадани ў. Хеле хомўш монд чун кўдаки гунаҳгор ва ба худ омад, ки рафтори ноҷо кардааст; вагарна ёвари шоҳ гўши ў натофта буд. Ҳушёр гашт Пилзўр ва барои гўшашро раҳо кардан гуфт:
— Эрис майли дигар дорад.
— Эрис ё Тойис? – хандид Протей.
Сар ҷунбонд Пилзўр, вале ҳарфе нагуфт. Бад нигоҳ кард. Протей боз хандид: «Базм вайрон нашавад.»
— Базм вайрон шуд, Протей…
— Ором бишав… Ҳоло Искандар хабар надорад… Ғами занаш афзунтар аз ҳама ғамҳост.
Биталомус хандид:
— Искандарро нокории Барзин ғам аст? Ту киро гўл занӣ?
Сари зулфи Барзин набошад, сари зулфи Тойис!
— Аҷал маситез, Пилзўр! Ту феълу хўйи шоҳро донӣ; ҷанги ў барои зан баробар аст ба ҷанги кишвар… Ҳамагон донанд, ки барои кӣ ва аз барои чӣ чунин рафтор кунӣ. Нигар ба гетерҳо!
Шарм доранд аз рафтори ту.
Гарчӣ Биталомус дида буду медонист ва ситезаш барои ў буд, нигарист сўйи онҳо ва Тойисро бидид, ки чун мурғаки сармозада ҷой шуда дар оғўши Эрис. Суст шуд. Аз дасти ёрон оҳиста раҳо гашт ва хешро бар гардани Протей овехт: «Ту донӣ… Ҳамаро ту донӣ, Протей; дўсташ дорам…»
— Дўстдориро намоиш надиҳанд, Пилзўр.
— Об, ки аз сар гузашт, чӣ як ваҷабу чӣ сад ваҷаб.
— Ҳоло ки ғарқ нашудайӣ, ҳушатро дар ҷояш мон… Лекин умедканда мабош!
— Ту ҳастӣ умеди ман, Протей!
Протей каф бар дўши ў ниҳод, сар ҷунбонд:
— Дунё ба умед, шайтон ноумед…
Навозандагон сукут доранд. Ширинкорону масхарабозон ба назар забон газидаанд; дастҳо зери каш, хешро ғамзада вонамуд кунанд. Дар асл нигаронанд ишора ва ё амри шоҳро.
Шоҳ ғазаб дорад. Ғазаб аз Барзин карда, ки миёни базмро шикаст. Пилзўр бар оташи ғазаби ў равған рехт. Фурў бурд дар они воҳид ғазабро дониста, ки Барзинро ҳол бад шуда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё