Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Сарторикиаш гузашта. Аз чӣ рў чунин нағма дорад, Искандар намефаҳмад.
Мабод, ки афгона шавад ҷанини ў, ки аз хуни гарм ва нутфаи қавии шоҳи мақдунӣ руста… Вале ба худ омад, ки чӣ миқдор халқон мурданд; ҷанговарон нобуд шуданд, парвое надошт, аммо чӣ сабаб, ки ба як ҷанини номаълум, ки солим рўяд ё фалакзада, ғамӣ гардад. Ва миёни андўҳ, ғам ва андешаҳои мағшуш ва бисёр чизҳои дигар ҳарфе ба сараш зад, ки ё аз Суқрот ё аз Афлотун хонда буд ва ё устодаш Арасту фармуда буд: «Хушбахтанд ба олам наомадагон…» Ҳолиё ба ҷанини ба дунё наомада, ки шояд исқот ё афгона гардад, дилаш сўхт. Зеро хунаш буд; аз нутфаи ў ҷон гирифта буд. Вагарна тамоми тифлони гетӣ фано шаванд, ҳама сарбозони сипоҳ бимиранд; дунё бисўзад; ободон харобот гардад, миҷааш хам намехўрд. Зеро таъмин буд; чаҳоришкел; Бусефали бодпо зери ронаш; ба ҷайбаш зари ройгон омад, гетерҳо ба фармонаш; асираҳо дар ихтиёраш; дилкашашро, дилхоҳашро пазирад; кулоҳаш само сояд, суми асбаш гарди замин барорад, лашкар зери фармонаш бошад… Дунё аз они ўст… Дар базмҳо панҷа кушод дошта, бар сари синаи чап ё рўйи дил пахш кунад:
«Ҷаҳон аз ман аст!»
Ў тухмаву дудаву дудмон дорад; шаҷарааш аён; худро шинохтааст хеле ҷавон; ва аммо пасовандонаш ноаён – ҳалқаҳои силсилаи заринро, ки мепиндорад, аён нестанд. Аз ин рў хоҳад, ки як шарёне монанд ба шарёни Замин бузург, қавӣ ва пуриқтидор дошта бошад, ки дар он хунҳои мақдунӣ, юнонӣ ва порсӣ ҷорӣ гардад ва ду сарой дар мушти ў ҷой гирад…
…Наъра бизад. Бол кушод. Худ аз худ ба майдон омад ва пой бикўфт.
Садои мусиқӣ боло шуд. Искандар пой бар асари пой кўфта, даст дар миён ниҳода, китфон болову паст бардору фарор карда, ба низом хиромид. Хиромид гирифтори андешаҳои хеш, ки ҷуз худашу мусиқӣ ва ҳунари зара-зара ва пора-пора аз куҷое ва киҳое омўхтаашро бо хост ва хоси худ ҷавлон диҳад; дасти рост паси гўш дошта ва нимрў гашта, паси пой менигаристагӣ барин чархид. Ё дар Замин ё дар Само буданашро намедонист; ба ёди чизе ё касе: гирифтор, орому хамўш, андешаманд ва ниҳоят…
ғамзада мерақсид, ки касе надида буд ўро дар чунин ҳол. Майлу муродаш он буд, ки Тойис чун кабки сияҳабрўи ақиқнўл бихиромад сўяш. Ва чуноне ки Биталомус шона ба шона бо ў рақсида буд, ҳаммонанд ва зиёдтар бирақсад.
Аммо Тойис худдорӣ кунад ва намояд, ки майле надорад. Ва ё нигарон аст, ки шоҳ наздаш омада зону занад ва дасти ўро хоста ба рақси «Ҷуфти кабўтар» кашад. Ў гўшаи чашм ба Биталомус андохт, ки қарор буд назди Протей. Вале Искандарро чизе халалгор набуд, ки боиси парешонӣ шавад. Шоҳ рў ба рўйи гетер бозистоду зону шикаст ва сар андохт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё