Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Тойиси боҳунар ва хушлиқо, ки ҳанўз бори андўҳ ва ташвиш аз гунааш нарафта буд, болид аз рафтори шоҳ, ки нияти гетерро дарёфт. Ў андом ва пайкари зебояшро таранг кашид; қомат афрошта ва тавозўъ ба ҷо оварда, чун Искандар ду бари домон дошта, болсурат ба ду ҷониб кушод; назди шоҳ зону шикаст ва ба парвоз омад.
Эрис шодмонӣ дошт ва ягон чизро ба инобат намегирифт ва чӣ шуд, ки якбора ва осема сўйи Биталомус нигашт.
Ў дандон месоид.
Ба назари шоҳ Искандар гетери соҳибҳунар ба хироҷи дунё меарзид. Ва шоҳ беҳтарашро наёбад барои дилхушӣ. Аммо барои наслу васӣ кор наояд. Насабаш, номаш ва касбаш мувофиқ нест: Гетер – раққоса!
Ва онсўтар шоҳзодае ҳаст, ки ба ҳама кор, ба ҳама шарту байъи гетер розист; ҳатто барои зан карда гирифтан; маҳбубаву маъшуқа доштан ва ҳамхонаву ҳамболин будан. Месўзаду чора надорад; магар нобуд сохтани шоҳ Искандар. Акнун ҷуфт – ҷуфт мерақсиданд. Онҳое, ки ҷуфти хеш пайдо накарда буданд, ё бо ҷўраҳо мерақсиданд ва ё бо дугонаҳо. Танҳо Биталомус хоҳиши рақсидан накарда, танҳо, чунон ки даст зери каш буд, такя бар сутуне зада меистод. Ҳатто хоҳиши бо ҳам рақсидани Эрисро рад кард. Ин ҳолро Тойис бо гўшаи чашм дид ва дарёфт, ки сахт малўл гашта.
Вале гетер аз дасти шоҳ Искандар раҳо шуда назди ў рафта наметавонист; зеро Тойис шоҳро гуфта омада, на Биталомусро.
Тири хароб мотам дошт; Тири абгор базм дошт. Машъалҳо афрўхтанд, то тирагии шомро барҳам занад. Аз он соҳили баҳр метофт, ки машъалҳо даруни об месўзанд, чунон ки маслубони сари салибҳои истех месўхта бошанд. Ситораҳои сершумор чун тангаҳои сикказадаи Тир аз қаър рўшанӣ медиҳанд.
Мақдуниён набояд онҳоро бинанд, ки хешро ба дарё мезананд.

БАНДИ ЧАҲОРУМ

Он шаб Искандар назди Барзин наомад. Ҳамроҳи Тойис буд.
Шоҳ кина гирифт ба малика, зеро дар чунин як базми бузург, ки дар ҷое барпо накарда буд, айшашро талх гардонид. Бо умед давра ороста буд, ки ҳама ташвишу ранҷу шиканҷа ва азоби дар ин ҷазира кашидаро бо шодиву нишот рафъ гардонад. Чун нияташ амалӣ нагашт, қусур аз Тойис ситонад. Ва аммо он шаб Барзин тамоми шаб дард кашид ва андар оташи рашк бисўхт; сахттар, сўзонтар ва ҷонкоҳтар аз оташе буд, ки ду ҳазор ҷавонону ҷавонмардони ҷонсупурдаро бо чўби салибҳо якҷоя сўхтанд.
— Ором бош, Барзин! Худро обу адо макун! Эҳтиёт бикун!
Ман сўхтам, бас набуд? Ту зани оддӣ найӣ, духтарам; шоҳзан…

пешина
аз 391
навбатӣ