Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

малика. Шоҳ Искандар шавҳари туст… (сари ҷогаҳи духтар нишаста ва сарашро сила карда; мўйҳои парешонашро ороста бо кафи дасту нўки панҷа.) Чандон осон магир ва бозӣ макун бо дами шамшеру думи шер.
Чун баҳри Миёназамин аз дамидан монд ва шўраш тамом шуда ҷазр кард, хунҳо аз об ҷудо гашта бастанд андар соҳилҳо; бавижа дар канори ҷазираи Тир. Ва аз мурдаҳо танҳо устухонҳои аз наҳангу китҳо ва ҷонварони гўштхўри обӣ боқимонда ба қаър рафтанд ва ягон – ягон ҷасадҳои пештар аз об буруномада дар каронаҳо пўсидаву гандида ва ҳолиё тар вомонда мехобиданд.
Дарё зиёд шўрида ва ғазаби аз ҷониби Худованд ҷоришударо то шаҳр дамонду ситезонд ва дар рўйи Замин тухми бадкоронро рўфтанӣ шуда омад, аммо зўраш нарасид; ноумед ҷазр карду ором шуд ва инак дами осуда мезад. Дигарон низ орому осуда гаштанд:
Биталомус ҳушёр гашту ба худ омад; дами Тойис фурў нишаст; Барзин осуда шуд; Азимулмулк ғайб зад. Гўйӣ ин ҳама ноҷўриҳо аз боду дами баҳр ба миён омада буд.
Искандар сар бар каф ниҳода ҳама чизро таҳлил кард ва то чашм рўшан кардани Барзин кўч набаст. Андаке осуда шуд. Ройсозону донишмандонро фаро хонда маслаҳату машварат орост, ки чӣ буду чӣ шуд ва аз корҳои носомон чӣ боқист? Гуфтанд:
«Посухи номаи шоҳи Порс!»
Лашкаркаши бузург ёд овард, ки дар ҷўши ҷанг номаи Дорои Саввум омада буд. Чун шоҳи мақдунӣ дар ғазаб буду хашмӣ, суханони шоҳи тарсу ба гўшаш надаромад, ки Доро чун гўри гурезон пеш-пеши сайёди ҳадафгир мерафта бошад. Ҳоло ки Искандар дар гирдоб монда, роҳи рафт гум кардааст, номаи нобаҳангоми ў сарборист. Ва инак гоҳи айш ва фароғати шоҳ расид, корҳои нокарда бояд сомон пазирад. Ёдаш оварданд, ки номае буд аз Доро.
«Бихонед!»
Бихонданд:
«Ай шоҳзодаи мақдунӣ! Бидон: бузургӣ он набувад, ки овард кунанд ба мулки бегона; ситам кунанд бегуноҳонро; бирабоянд ҳама зару хоста, модару фарзанд, зану духтар; хароб созанд ободон; кушанду сўзанду баранд. Ин ҳама аз баҳри чист? Ман низ шоҳам; накардаам ва нахоҳам кард чунин… Хоҳиш дорам, баргардонӣ модару зану фарзандони маро. Моро на ҷанг, балки оштӣ мебод!»
Искандар чун дубора шунид номаро, ғазаби хуфтааш бедор шуд ва чун сиёҳӣ фурў рафт ба маънии нома ва ёд овард, ки дар корвони роҳи Димишқ модару зану фарзандони шоҳи Порс низ буданд ва асир афтоданд. Гўйӣ андар миёни шўру шарр ва ситезу мағал шоҳ эшонро фаромўш кард ва ё қасдан худро ба нодонӣ зад; посухе нагуфт, то Дорои хомхаёл саги сўзанхўрда гардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё