Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Ва ҳолиё «андарзи Доро» бедораш кард, ки воқеан дар расму оини шоҳӣ чунин рафтор кардан хуб набошад. Шўрид, тунд шуд, шамшери овехта бозгирифта фармуд дабирро:
— Бинавис!
Коллисфени нигоранда остин бар зад:
«Ай шоҳи тарсу! Ман аз шоҳзодагӣ гузашта шоҳ шудаам! Бидон ва огоҳ бош:
Гузаштагони ту Мақдуниё ва тамоми Элладаро забт карданд; моро хору зор доштанд. Вале мо ҳоло шуморо осебу зиёни фузун наовардаем. Ман чун пешвои эллиниҳо барои ҷазо додани порсиён ба Осиё ворид шудам! Рафтори нохуб ва нокасии шумо овард маро ба ин ҷо… Шумо дар шаҳри Перинф ёвар шудед, то онҳо падари ман – Файлақуси Дуввумро шармсор гардонанд. Он вақт Фракия дар тасарруфи мо буд. Шоҳи Порс Ох – Ардашери Саввум сипоҳиёнашро он ҷо фиристод… Вақте ки падари ман кушта шуд, дар номаи хеш боифтихор қаламдод кардед, ки дар ин куштор «дасти мо» буд. Ту худ бо мадади вазири маккор Боҳўй шоҳзода Аршакро бикуштӣ ва ҳокимиятро ноҷавонмардона ва бар хилофи қонуни Порс соҳиб шудӣ… Акнун ту маро панд медиҳӣ? Нобакор!... Ту ба юнониён дар бораи ман номаи хусумат навиштӣ, то Юнонро зидди ман ба ҷанг ангезӣ. Ту хоста фиристодӣ ба Спарта ва дигар шаҳрҳои Юнон, вале ҷуз Спарта ягон шаҳр пули туро напазируфт. Фиристодаҳоят дўстонро аз ман гардониданӣ шуданд ва зиёд кўшиданд сулҳу оштие, ки ман дар Эллада бунёд гузошта будам, вайрон созанд. Танҳо баъди чунин рафторҳои нозеб ва душманонаат зидди ту ба ҷанг даромадам…
Аввал бар сипаҳсолорҳо ва сатрапҳои ту пирўз будам, акнун турову сипоҳи туро пирўзам. Соҳиби ин кишварам, зеро худоён онро эҳдо карда ба ман.
Табори ту, ки дар набард талаф наёфтаанд, андар паноҳи мананд. Ман пайваста ғами эшон бихўрам. Онҳо нисбати ман зидди иродаи хеш рафтор накунанд; хушрафторанд, соҳибихтиёр. Ба назди ман чун ба назди сарвари асили саросари Осиё биё! Агар тарс дорӣ, ки бо ту ҳодисае рух медиҳад, бифирист одамони хешро, то имон оварӣ ба бехатарӣ… Агар ҳозир шавӣ пеши ман, бигирӣ модаратрову зану фарзандатро; ва ҳар чизе, ки дархосту талаб бикунӣ, бигирӣ!
Ва агар боз навиштан хоҳӣ ба ман, чунин руҷўъ бикун: «Шоҳи Осиё!» Нашавад, ки дар номаат бо ман чун ҳамсангу ҳамвазни хеш рў оварӣ. Агар туро чизе лозим шавад ва ё зарурате пеш ояд, ба ман чун ба хоҷаи хеш муроҷиат бикун. Чунин накунӣ, рўзатро бинӣ! Агар хоҳӣ, ки шоҳӣ бирабойӣ, матину устувор бошу биҷанг бо ман, вале магурез! Вагар на, ҳар куҷое бошӣ, биёбам туро!!!»
Коллисфен бори дигар номаро бихонд. Искандарро ёд омад, ки ба чунин мазмун номае нигошта буд Дороро. Аммо чӣ шуд, ки фиристода натавонист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё