Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мазмун, ҷўши ҷанг буд ё безобитагиҳо, бисёр корҳо сомон нашуд. Ин бор Искандар мўҳру тасдиқ кард номаро ва ба фиристода супурд. Вале шоҳ ба ҷойи роҳату фароғат ғазаб мекард аз рафторҳои Доро, ки на ҷангро зебанда аст ва на оштиро. Чун ваҳмак хешро даруни ҷомаи гилӣ гирад ва фурўтар равад ба хафолҳо. Биандешид аз қисмати модару зану фарзанди шоҳи Порс; хушнудӣ низ кард, ки ҷойи дардноки ҷони Дороро пайдо кардааст… Ва ҳанўз оташи ғазаби Искандар паст нагашта ва аз пайи дарёфти аҳли аёли Доро кас нафиристода, номаи дигари шоҳи Порс омад:
«Худои некӣ ва оташи пок Аҳура Маздои бузург нигаҳбон аст ин марзу бумро. Ҳар кӣ пой ноҷо ниҳад бар ин сарзамин, пояш бисўзад. Чун мо аз неку бади дунё огаҳем, аз рўйи ақлу хирад бояд рафтор бикунем. Пиндори носолим ба чапғалат барад мардро. Ай Искандар! Чун тавонӣ, худро «Шоҳи Осиё» номӣ?
Магар мард тавонад ба зўрӣ кадхудо шавад дар хонадони касе?
На-а-а! Шоҳ андар мулки меросӣ шавад шоҳ! Дар мулки бегона ғарибшоҳ хонандаш. Ту шоҳи элладӣ ҳастӣ, ман шоҳи Порс. Ва ман туро хоҷаи хеш нахонам! Чун шоҳи Порс дархост дорам, то модар, зан ва фарзандони маро бозгардонӣ… Розӣ ҳастам ба ивази эшон ба ту Осиёи Сағирро бахшам ва ҳатто ними тахти шоҳиро… духтарамро…»
Афзуд ғазаби Искандар аз мазмуни нома. Аввал хандид, пасон ғазаб кард: «Аблаҳ! Ғаниматҳои дар дастам бударо ваъда медиҳад. Наход то ин дараҷа маккор бошад? Гўри гурезон гумон дорад, ки паланги хуношом аз таъқиби ў бозмонда…»
Ва ин лаҳза сарбозе даррасид ва андешаҳои ўро барҳам зад:
«Шоҳо! Статира сари фарзанд рафта!»
Искандар аҳамияте надод ва напурсид, ки кист Статира. Чун пайк посух нагирифта ва нарафта буд, Искандар як ба ў нигарист ва «сари фарзанд рафтан»-ро ба Барзин гуморид ва чин бар ҷабин гирифта пурсид:
— Чӣ фармудӣ?
— Статира – зани Доро сари фарзанд рафт!
— Зани Доро сари фарзанд рафт?!
— Бале…
— Ай нобакор! Тарсондӣ маро!
Аз асби ғазаб фуромада гуфт Искандар. Аммо изҳор накард сабаби тарсашро. Балки мулоҳиза кард: «Паёми нохуш…» Баробари номаи падар омада хабари марги зан. Искандари парешон фаромўш кард, ки сарбозро рухсати рафтан диҳад. Даромад ба пардасаро. Аз марги зани Доро андеша дошту шукронаи зинда будани Барзинро мекард. Аз ин рў чӣ гуфтану чӣ кор карданро надониста хам хўрда бо муҳаббату меҳрубонӣ Барзинро гирифт ба оғўш, ки рўйи рахти хоб буд.

пешина
аз 391
навбатӣ