Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Доя ва модар бурун рафтанд аз пардасаро.
Барзини зирак ба қиёфаи шоҳи ҷавон нигарист, ки андешаи пирона дорад ва зери чашмонаш халта гашта. Дастон ёзида бар гунаҳои шў ниҳод ва суоломез дарозо нигарист:
— Ту, ки шодон будӣ аз пирўзиҳо, чӣ шуда, ки ғам дорӣ?
— Сарбозе хабари ногаҳонӣ овард ва шум… Воқеан, фаромўш кардам, ки сарбозро рухсат диҳам…
Сар аз пардасаро бурун овард ва посбонро фармуд, ки сарбозро иҷозати рафтан диҳад. Ва баргашта суханро идома дод:
— Чӣ шуда бо афсарон ва сарсипоҳиён, ки сарбозро фиристода назди ман. Шояд дурўғ бошад хабараш?
— Чӣ хабар?
— Гўё модаре сари фарзанд рафта…
— Рост. Зани Доро сари фарзанд рафта…
— Чун донӣ?
— Гоҳе ки бехуд будам, аён гашт, ки зани Доро сари фарзанд рафт.
Искандар андешид аз хислатҳои наҷибу худододи Барзин.
— Чӣ андеша дорӣ?
— Бубахш… Чун парешон будам; баробари шунидани хабари «сари фарзанд» хаёлам ба ту рафт, ғамӣ гаштам. То замоне ки асли воқеаро дарёфтаму ба худ омадам, ки ба назарам пир шудам.
Пўзиш аз ту, барои гумони бадам!
— Ростӣ, дилат ба ман сўхт, Искандар?
— Ростӣ, бисўхт дилам.
— Пас, дўстам дорӣ?
— Чӣ гуна дўст надорам, ки номбардори тухмаву дудмони моро ба дунё орӣ?
— Ва баъди ин ман зани қонунии ту гардам?
— Ва занҳоро даст дароз кунӣ, аз оринҷ доранд.
Ва табассум кард шоҳ. Барзинро хуш наомад, ки макр кунад.
— Яъне, шоҳ ба бод гўяд суханашро?
— На! Ҳарфи шоҳ ҳарф бувад… Вале ҳолиё ғами шоҳ дигар.
— Шоҳ чӣ ғам дорад? Пирўз омада дар набардҳо. Осиёи Наздику Сағир зери пояш. Боз чӣ хоҳад?
— Чизе нахоҳад. Духти Доро бо чунин ҳолу аҳвол мурда…
Таҳдиди шоҳи Порс андак нест.
— Магар аз Доро… андешае дорӣ?
— На. Тарсе надорам…
Барзин ҳайрон монд, ки Искандар чӣ гуна фикри аз сар гузаронидаи ўро пай бурд. Барзин «андеша» гуфта буд, Искандар «тарс» гўяд:

пешина
аз 391
навбатӣ