Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

— … Ман аз касе тарс надорам!!! – сахт расида будааст ҳарфи Барзин. Ба зарда изҳор карду бадар рафт. Боз Барзин моту мабҳут монд. Модар баъди рафтани домод назди духтар даромад.
Лаби об рафт шоҳ; агар ки ин ҳама хобу хаёл бошад, ба об гўяд. Хеле нишаст. Оби баҳри азим ҳанўз ҳам ғажд буд; соҳил ва роҳравҳо пур аз обовардаҳо буданд; лахчаҳои сиёҳ, хасу хошок, пашму латтапораҳо; мурғони мурда ва пора-пора устухонҳо, ва рўдаҳои номаълум, ки лошахўру зоғу моҳихўракҳоро ҷамъ мекард. Ў лаби дарё нишаста ба мавҷу мадду ҷазри он менигарад ва даҳшати дўшинаро пеши назар меорад, ки чун гузашт; ҳамааш хуб гузашт, чунон ки ҷанги Тир. Пасон як чўбчаи мавҷ ба соҳил афкандаро гирифта рўйи реги ҳамвор хатҳо кашид; чунон ки «як, ду, се…» гўён чизеро ба ҳисоб мегирифта бошад ва корҳои шударо ба касе ҳисобот медода бошад. Хат мекашид. Андаке менигарист ҷиддӣ; бо чизе муқоиса ва ё ҳисобу китоб дошт ва тарҳи кадом андешаашро менигошт, ки напазируфта, хати батлон мекашид; поймол мекард; ва ба марзу хиттаи дигар мегузашт, ки ҳоло нақши пойи касе нарасида. Ба онҳое кор надорад, ки шаҳри бегона ва ҷангзада, гуфта ўро наззора ва ҳифзу ҳимоя мекарданд.
Боз хатҳо кашид, боз шаклҳо офарид; боз хуш накарду поймол кард: «Ин дунё беш аз ин бақое надорад. Ҳама чизро чун рег барад ин баҳри хурўшон ва чун мурда ба соҳил андозад. Беш нест! Беш нест! Аммо ман надонам, ки ин қадар ҷаҳду ҷадалам аз барои чист?»
Магасе омада тирвор ба чашмаш зад ва гурехт. Пасон чашмаш ба хориш омада, молид ва зараҳои сапед нўки ангушташ омад:
«Пошидааст лаънатӣ…»
Ва баъд «Шўрои Бузургон»-ро ёд овард, ки дар мушкилоти ҷанги Тир бозхонда буд; минҷумла Пармониёни пирро.
Искандар Пармониёни далеру диловарро барои хидматҳои беназираш дар аҳди Файлақус ва юришҳои шоҳи ҷавон сатрапи Димишқ хонда буд ва ҳини зўромади набарди Тир ёд овард:
«Бе пир марав, ки дар монӣ, ҳарчанд Сикандари замонӣ.» Борҳо шунида буд ин масалро. Вале боре чун донист, ки сипаҳсолори пурдон ғарра ба хидматҳояш аст ва ройсозиаш мувофиқ ба хоҳишу дархўрди шоҳ нест, Димишқро бахшидаш ва соҳибихтиёр гардонд.
Инак гоҳи мушкилоти ҷазираи Тир новақт буда ҷудоии онҳо.
Он рўзи ройсозии «Шўрои Бузургон» ба Аминта хашм гирифта буд; барои «аз баҳри ҷанги Тир бояд баромад» гуфтанаш. Вале ҷонибдории Пармониёнро ба таклифи Аминта душманона донист: «Агар ман Искандар будаме, чунин пешниҳоди Аминтаро пазируфтаме.»
Искандар аввал ба андеша рафт; пиндошт, ки мурғи бахт аз парвоз монд. Ҳеҷ гоҳ ў шоҳаншоҳи мулки Порс нагардад ва оламгир нашавад. Гўё пеши чашмонаш орзуву армонҳояш мурданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё