Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

«Шўрои Бузургон» ҳама барору пирўзиҳо ва шўҳрати шоҳи ҷаҳонхоҳро бо хок яксон кард. Ва кафид оқибат Искандар: «Агар ман Пармониён будаме, низ чунин рафтор кардаме…»
Нарм гуфт шоҳи доно. Гўё пазируфт пешниҳоди сипаҳсолорро.
Пармониён болид, ки ҳанўз ҳам шоҳ эҳтиромаш кунад. Ва хушҳол рафт аз назди шоҳу сипоҳ. Дар асл киноя буд сухани тақлидии шоҳ сипаҳсолорро. Шоҳ шод ҳам шуд аз рафтани Пармониён, ки раҳойӣ ёфт аз банди маслаҳати халалгори сипаҳсолор.
Аммо сипаҳсолори пири барнодил аз назди шоҳ болида баргашт, ки ҳанўз эътибораш кам нашуда назди шоҳи мақдунӣ; чунон ки дар аҳди Файлақуси Дуввум буд. Дар роҳи бозгашти Тиру Димишқ савори асби тозӣ гоҳ болида менамуду гоҳ маҳзун; наход ўро шоҳ барои «ҳа» ва ё «на» аз ин қадар роҳи тўлонӣ хонда бошад? «Оё киноя ё ришханде набуд сухани шоҳ?» Акнун андеша мекунад ў дар роҳи дароз баробари лангару силтави асб. Андаке пеш дар баландиҳои кўҳи сурур мегашт, ки шоҳ пешниҳоди ўро пазируфт; ҳолиё кўҳи андўҳ бар дўшаш, ки гаронӣ мекунад ба андешидану роҳ паймудан. Кўҳ баланд. Ҳар киро ёро ё мадори баромадан нашавад. Ва боз ҳамон қадар вазн сарборӣ бар дўшаш; ҳам шона шиканаду ҳам камар. Асби тозӣ аз рўйи номусу нанг ба эҳтироми сипаҳсолор мекашад ин борро.
Пармониён пешгарди сипоҳи мақдунӣ буд аз замони лашкаркашиҳои Файлақуси Дуввум то забти Искандар Димишқро. Шоҳи ҷавон низ аз рўйи мактаби ҷангии падар сипаҳсолорро пеш мефиристод ба размгоҳҳо, то пеши роҳи ўро тоза гардонад ва шоҳи мақдунӣ бе монеъа сўйи Машриқ биравад…
Ва Искандар чун дид, ки кор бо чунин усул давом кунад, дар торих пирўзиҳо ба номи сипаҳсолор Пармониён гардад, сахт биандешид; мулоҳазаи зиёд кард ва рой дод, то дураш кунад аз сари сипоҳ; лашкаркаши беназир ва яккаву ягона худаш бошад; торих ба номи ў гардад. Бо чунин ниятҳо ройи сипаҳсолори пирро Искандар дигаргуна фаҳмид: «Пармониён дар ҷангу пархошҳо нест, аз ин рў набарди Тирро қатъ гардонидан хоҳад…»
… вале пиндори Пармониён дигаргуна: хунрезӣ ва одамкушӣ ба дилаш зада буд ва чун рў ба пирӣ оварда, хунро ҳаром ва бузургтарин ва ё қабеҳтарин гуноҳ шуморад. Ў донад, ки шўҳрати шоҳ Файдақуси Дуввум аз оварду пирўзиҳои ўст… Ва ҳолиё савори асби тозӣ мераваду меравад ва ҳама буду шудро пеши назар меорад: набарду шикасту пирўзиҳо; ҷудойӣ аз ватану зану фарзанд ва ёру пайванд ёд меояд ва гумон дорад, ки Искандар ин ҳамаро дониста, чун арзи сипос Димишқро ба ў бахшид ва ҳар гоҳ мададу ройи ў лозим шавад, пеш хонад… Меравад чу умр; меравад чу рўд, ки роҳи бозпас надорад; на ба он шитобе меравад, ки ҳамроҳи Файлақус мерафт; ва бо Искандар ҳамрикоб буд. Меравад ба гашту лангари асби тозӣ, ки инонаш тори ёлаш андохта.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё