Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Фараси тозӣ меравад, на ў; пойҳои пурзўри рўйинаш рўйи зин, андар рикоб карахт шуда ва кунда кардаанд; гўйӣ хун бозмонда аз гардиш. Хуб тохту тоз кард дар вақташ, ки шўҳрати ҷаҳонӣ мегирад ва соҳиби ҳама гуна рутбаҳои ҷангӣ мегардад; зиёдтар аз вузаро дар паҳлўи шоҳ қарор мегирад. Акнун пойҳо итоат намекунанд. Нерўи бозувон низ намонда, ки зўри бардоштани теғро надоранд. Ин хел набуд. Баъди рухсати бозгашт додани Искандар ва дар роҳ сарфаҳм ба кинояву маънии иҷозати ў рафтан чунин ҳол рух зад. Пириаш ба тифлиаш монанд, ки мадори рост истодан ё раҳ рафтан ва ё кореро ба ҷо овардан надорад. Лекин мағзаш андак-андак кор мекунад. Он замон умеди хестан ва пойравон шудан дошт; ин замон умеди хуфтан дорад.
Донад, ки чун афтад, барнахезад…
Бар реги тари соҳил нақшаҳо бикашад шоҳ Искандар, ки ҷуз худаш касе нафаҳмад маънию мақсадро. Як андешааш ин аст, ки бе Пармониёни пир ҳам пирўз буда тавонад. Аммо ҳар чӣ буду набуд, гузашт; азоб паси сар шуд; ҳолиё лаб зери дандон. Рўйи рег нақшаҳо мекашиду кўр мекард. Реги тари обдор ҳар боре ки дарё мавҷ зада он ҷоро мешуст, ҳамвор мегашт ва шоҳро чун кўдакон завқ омада аз нав нақша мекашид. Чун баҳр хобад, пайи ангушт ё чўбчаи кашидааш аз нафаси гарми офтоб нам паронда сапедча мегашт. Искандар кўдакона пиндорад, ки олам низ ба д-ин ранг аст: месозӣ, вайрон мекунанд. Сохтану вайрон кардан баробар.
Вале як кас ҷон канда созад, дигаре бепарво вайрон кунад? Фаҳмида нашавад кори дунёро! На! Кори одамиро дар ин дунё! Об ҳам вайронкор чун касони бад: «Ман созаму он вайрон кунад.
Сохтан душвор…»
Ва дар чунин андеша буд, ки пайк омад:
«Худованд одам бисохт!»
Донист, ки чашми Барзин рўшан гашта. Хушнудӣ кард. «Ман низ суратҳо мекашидам, то одаме созам, аммо барор намегирифт корам…» Бархост бо тамкин ва реги дастон бишуст андар дарё.
Баргашт ба пардасаро. Бипардохт ба айшу нўш ва навзодро ном ниҳод: Геракл!
Пасон рахти сафар барбаст. Ҳокими тозаи шаҳри Тир Абдулоним, ки Искандар ба ҷойи Азимулмулки ғайбзада таъйин карда буд, он замон ба гусели меҳмони олиқадр ҳозир шуд ва меҳрубониву хушбошиҳо кард… Гаҳвора андар маҳмили уштур, маҳори нор дар пордуми корвон роҳӣ шуданд сўйи Мисри овозадор. Роҳ аз Фаластин мегузашт, ки он замонҳо чаҳор самти оламро аз он шаҳр муайян мекарданд ва самтҳои ҷанги Куруши Кабирро низ ришта мекашиданд; шоҳаншоҳи ҳахоманишӣ дар Мағрибу Машриқу Шимол овард кард мегуфтанд… Шаҳрҳои фаластинӣ худ аз худ бе ягон шўру валвала ё ситезу зиддият пешкаши Искандар мешуданд; ҳокиму шаҳрдорон ва касони муросокору мансабхоҳ бо нону намак пешвоз мегирифтанд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё