Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва аммо Ғазза саркашӣ кард чун Тир. Ғазза гўйӣ бар хилофи Тир ҷазирае буд андар биёбон. Дар марзаи баланд ҷой гирифта буд хуштарҳу базеб, то реги кўчии биёбонӣ пахш накунад ва ҳаргуна меҳмони нохондаро роҳ набошад. Чунон менамуд, ки мардуми заҳматхоҳи он регу гил андар бари домон ва мушту каф оварда, марза бардошта; об дар даҳон, сангу чўб бар дўш кашонда бино рост карда, бо ҳазор орзуву ҳавас шаҳри афсонавӣ сохтаанд.
Ҳокими шаҳр Батис (Бат) овозаи Искандарро шунида, халқро огоҳ кард аз омади ў ва ба набарди душман ва ҳимояи Ватан омода сохт эшонро. Ҳама чизро захира кард ба ҷанги тўлонӣ; аз қабилаҳои арабу аҷам бардаҳо харид ва ононро ангехт зидди мақдуниён.
Охирин шаҳри Фаластин буд Ғазза дар роҳи Миср. Аз он баландии ба шакли гунбади фалак сохта ҳам роҳи Фаластин метофт ва ҳам биёбони Араб. Ба ин баландӣ баровардани олоти гаронвазни ҷангӣ: манҷаниқҳо, арродаҳо, дастгоҳҳои саддшикан кори осон набуд.
— Ё Искандар! Пархош бо ин шаҳр осон набошад! – маслиҳат доданд муҳандисон.
Аввал ғазаб кард Искандар ва чун биандешиду ҳол дид, пурсид:
— Аз баландии ҳамин теппа тарсидед? Аз гург тарсӣ, ба беша марав!
Дигарон низ дар андеша шуданд. Ҳоҷат ба посух набуд. Хайма заданд андар биёбон.
— А? Аз ҳамин теппача тарсидед?
— На. На аз баландии ин теппа, шоҳ… Аз он ки роҳе надорад; дастгоҳҳои саддшикан набароянд ба он ҷо.
— Пас, шумо низ теппаву марза созед, то бо марзаи онҳо баробар ояд ва роҳе дошта бошад, ки ба Ғазза дарояд! – фармуд Искандар ва самти ҷанубии хоктеппаро намуд, ки мувофиқтар буд ба убур.
Чунон карданд: аз ҷанубии марзаи Ғазза сангу гилу регу шинон рехтанд, ки ба ин кор балад гашта буданд; марза мебардоштанд ба домону дасту ҳатто кулаҳхўд мавод кашонда. Вале Искандари дурандеш қаноат накард бо он. То он ки марза бардоранд ва дастгоҳҳои деворшикан ва дигар мошинҳоро биоваранд, шоҳ фармуд аз зери девори дижи Ғазза нақб бикобанд. Сарбозони итоаткор чун гўркобҳо замин мағок мекарданду нақб ва хоки он ба марза мекашиданд; як тиру ду нишон. То он ки марза баробар шуд ба теппаи шаҳр аз зери пойи шаҳриён роҳ бурда буданд то диж, лекин ба кушодани пардаи охирин ҷуръат надоштанд.

пешина
аз 391
навбатӣ