Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Баъди сохтани роҳи Даммаи Тир бардоштани марзаи сунъии Ғазза ва кандану кофтани нақб мақдуниёнро душворие надошт.
Чун марза бардоштанд ва дастгоҳҳои саддшикан оварданд ва мағоку нақб канданд, Искандар ба рўҳи худоёни юнонӣ қурбонӣ фармуд. Чун қурбонгоҳе набуд, сари марзаи сохтаро қурбонгоҳи биёбонӣ донистанд ва маърака оростанд. Ва гоҳи фаро омадан паррандае аз тори «қурбонгоҳ» парвоз карда гузашт ва «сангчаеро» ба Замин андохт. Сангчаи сеҳрнок бар кулаҳхўди Искандари силоҳпўш бархўрду ба хок зад. Лашкаркаш сангчаи сиёҳ бардошт аз хок ва дидаву санҷид, тааҷҷуб кард. Дароз нигарист аз дунболи мурғак, ки хурдтар аз сангчаи дасташ менамуд ва оҳиста-оҳиста нопадид шуд. Искандар дергоҳ ба худ наомад. Фикру андешаи ҳарранг гирд мегашт андар сараш ва қудрати кушодани гиреҳи муамморо надошт. Сарраммол Аристандри Талмосиро пеш хонд ва таҳвил кард. Сарраммоли даргоҳи шоҳӣ худдорӣ кард аз посух.
Чун Искандар хосту дархост кард, Аристандр ночор монд:
— Гирифтани Ғазза осон набувад… Ва… ва осебе расад…
– Таваққуф кард, то Искандар чӣ фармояд.
Искандар ба андеша рафта буд. Дарди захм эҳсос кард, ки садо дардод:
— Ва?!…
— … осебе расад… ва зуд шифо ёбад. Шоҳ Искандар чун ҳамеша пирўз ояд.
Шоҳи пурдону худхоҳ бовар накард ҳарфи раммолро. Фикре ба сараш гирд мегашт, ки ҳеҷ гоҳ дар сараш набуд: «Марг!»
Пеши назараш ду ҳазор маслуби канори ҷазираву лаби дарё омад ва андар нори ҷаҳим сўхтани ҷасади онон; дасту пой кашидану печидани ҷисмҳои беҷон ва ба муште хокистар табдил ёфтани эшон. Гўиё рўъё буд, на ҳақиқат. Ва ҳолиё пеши чашмаш воқеаи ҳақиқӣ омада: мурғаки раҳгузари ҳақгўе санг заду огоҳаш карду бирафт.
Искандар низ бирафт ба пардасаройи хеш; тарсону ҳаросон бирафт аз марг, ки то алвақт гумоне аз он надошт.
Занону кўдакон ва гетерҳо дар сояи хаймаҳо ва саропардаҳо нафас рост мекарданд ва домани пардаҳо бардошта буданд то бодғар ба иқоматгоҳҳо бошад. Ва Барзин андар гардунаи шоҳӣ Геракли навзодро эмин аз гармо медошт. Ва ҳоло чандон нерў нагирифта сафар пеш омад дар ин тамузи тобистон, ки сахт ранҷ мекашид. Искандар омад назди ў. Хиратабъу гирифтаҳол менамуд.
Чун дўшу парер дарозо нигарист ба Геракл, вале безавқ. Ба назари ў тифл ўро дидан намехост, ки чашм намекушод.
— Чашм кушо, оламро бубин, Геракл; маро ба хотир бигир!
— Чаро чунин гўйӣ, Искандар?
— Ту магар надидӣ он паррандаи сиёҳро, ки ба сари ман санг зад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ