Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Амри тасодуф бошад, Искандар. Ба дил магир. Ва андешаи беҳуда макун.
— Агар дидӣ он ҳодисаро, чӣ дарёфтӣ, Барзин?
— Ман надонам, дигарон туро чӣ фармуданд? Донам, ки он мурғи роҳгузар огаҳат карда аз офате…
Барзин хомўш монд, то Искандар чӣ андешад. Шоҳ мулоҳиза дошт гуфтаҳои раммолро; низ нигарон буд, то Барзин чӣ гўяд.
Чун хомўш буд зан, дида бар ў дўхт. Барзин дарёфт нигоҳи ўро.
— Дуруст дидӣ, ки мурғ чӣ андохта?
— Оре, сангча.
— На. Дуруст нигар. Кулўх бошад; кулўхи дасти Зулқарнайн.
— Чиҳо гўйӣ? – Искандар тааҷҷуб карда аз ҷайб баровард сангчаи сиёҳро ва бо нохун тарошид. Сиёҳиаш рафта, ранги хокиаш намуд ва бо ҳайрат ба Барзин нигарист ў ва китфон дарҳам кашид.
— Кист Зулқарнайн?
— Пайғамбар.
— Зулқарнайн номи ўст?
— На, лақаби ўст. Номаш Куруш бошад…
— Куруши Кабир?
— Оре!
— Оне, ки бо ин роҳ ба Миср рафта? Ба ҷанги Мағриб рафта ва то ҷое расида, ки Офтоб ба даруни баҳр фурў равад?
— Бале, Искандар, ҳамон… Куруше, ки яҳудиёнро аз чанголи бобулиён раҳо карда, ба онҳо умри дубора бахшида ва Байтулмуқаддасро аз нав сохта.
— Хуб. Гуфтем, ки чунин аст. Аммо ин кулўхи сангчагашта чӣ муаммо дорад?
— Ин кулўх хоки ватани Куруш бошад, ки агар дар мулки бегона бимирад, атри кафан бикунад.
Шоҳ Искандар сахт ба андеша рафт; на аз боиси муаммо; на аз партофтаи мурғи раҳгузар; на аз фармудаи Аристандри раммол, бал аз гуфтаи ҳамсараш Барзин, ки ҳама аз куҷо донад?
— Чун донӣ, Барзин?
1
— Аз «Аҳди яҳуд.»
— Боз чӣ донӣ аз Куруш?
— Бисёр донам, вале Искандарро лозим набошад.
— Лозим бошад. Донистан хоҳам.
— Миёни подшоҳии Курушу Искандар ду садсола роҳ. Куруш корҳое карда, ки подшоҳе накарда. Аз ин рў ўро одилтарин шоҳ донанд; ва фиристодаи Худо. Пайғамбари неку накўкор ва

  1. Қисмате аз «Таврот».
пешина
аз 391
навбатӣ