Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

бахшоянда. Бидон, ки ҳеҷ касе аз миллати ғайри яҳуд аз ҷониби яҳудиён эътироф нагашта, магар Куруши Кабир…
— Қиссаи ў бибояд хонд. – Гўё ба Барзин на, ба худ бигуфт оҳиста.
— Ту хондайӣ қиссаи ўро: китоби «Киропед»-ро. Ва боз замоне фаро хоҳад расид, ки бихонӣ қиссаҳои ўро.
— Чун он замон фаро расид, туро сарраммол хоҳам хонд.
— Ташаккур, Искандар! Ман, ки ҳама умр паҳлўи ту ҳастам, маро чӣ зарурате ба раммолӣ?
— Чӣ муаммое омад пеш? – ба андешаи аввал баргашт Искандар.
— Муаммое набошад, шоҳи ҷавонбахт. Мурғи бахт шоҳро огоҳ карда, ки то хок ба сар накунад; ба нақби кандааш надарояд; кори ин шаҳри хурдро саҳл нагирад. Зар хурд, вазнаш гарон.
— Аристандр дигаргуна гўяд, Барзин.
— Чӣ гуна?
— Хатаре ҳаст… шоҳро осебе расад… ва …
— На! «Ва» надорад. Осеби сабук бошад ва зуд шифо ёбад.
— Оре, чунин гўяд.
— Ва дуруст гўяд. Шоҳ бояд сахт боэҳтиёт бошад…
Ва шоҳ Искандар сахт эҳтиёт кард худро. Дар оварди Ғазза пеш нагузашт ва бо роҳи зеризаминӣ нарафт. Балки андар марзаи сохтааш бозмонд. Баъди таъбиру таҳвилҳо сар шикаст, то ҷанги Ғаззаро қатъ гардонад; зеро таги дили ў сиёҳӣ бароварда, табъашро хира медошт ва хатареро тахмину яқин мекард. Гирифтор ба андешаҳои хеш сари марза бинишаст рўйи хок. Пушт ба Ғазза ва рўй ба биёбон бинишаст, ки ҷуз уфуқ чизе натобад ба чашм.
Номаи Доро ёдаш меояд ва посухи хеш. Набояд набард бикунад.
Муруввату мадоро беҳтарин пирўзист.
Вале дар он сў – дар пушти сари шоҳ, андар самти ҷанубии Ғазза, паҳлўи девори баланди шаҳр ғалмағале шуд, ки Искандар чашмдор набуд. Марздорони батангомада ба сари марзасозони пархошҷў шўриданд. Чун Искандар он ҷониб нигарист, бидид, ки сипоҳаш рў ба гурез оварда. Ғазаб карду ҷўшиду шўрид ва пешгўйиҳову таъкиди сарраммолу Барзин рафтанд аз ёдаш. Саркаш шуд фавҷи сипардоронро. Даромад ба ҷанг. Расид то ҷое, ки мақдуниёнро ба танг оварда буданд. Искандар шамшер бизад ахиллона. Чун дарёфт, ки мағлуб мегардад, сипоҳ аз гурези шармандавор боздошт ва ҷангро суст гардонид. Тирборонаш карданд.
Як тири адў ҷавшан дар тани шоҳ бидарид ва гузашт бар сари шонааш. Хуни ҷўшони шоҳи ҷавон сўзонтар аз коҳиши тири душман буд. Аз ин рў Искандар эҳсос накард тир хўрданашро ва шерона биғуррид бар хасм. Вале чун хуни зиёд рафт ва мувозинатро гум кард, бар Бусефали рамузфаҳм нишонда, дошта, бурун оварданд аз майдон. Бурданд ба пардасаро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ