Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шаҳрдори Ғазза Батис чун Искандарро мурда гуморид, ҷанги мақдуниёнро бохта шуморид; шодмонӣ кард. Умед ба девори қавии гирди шаҳр дошт ва ватанхоҳии мардум. Андаке суст шуд ва ҷанговаронро таҳдиду таъкид накард.
Вале андар пардасаро шоҳ Искандар аз дармону табобати Филипп ба танг омада меғуррид ва даст аз доруву давои табиб мекашид, ки чунин ҷароҳат дар ҷанг бохт набошад. «Сахт бубанд шонаам! Сахттар! То хун боздорад!» садо мекард шоҳ ва ба худ мепечид чу мори саркўфта. Аламу озурдагиаш на аз захми тир, бал бештар аз он буд, ки беватан ва ҷое надорад, ки хешро осуда дорад ва одамона муолиҷа кунад. Гўё нахустбор чунин дарди беватанӣ кашид ва хешро ғариб дарёфт. Беқарорӣ дошт ва ҳамаро дур андохтанӣ буд аз наздаш…
— Хун зиёд рафта Искандар, ором бош, сабукӣ макун!
— Хуни рафта зиёдатӣ буд дар тани ман. Андак сабук шудам.
Акнун сахт бубанд!
Филипп боздошт хуни гарми ў ва Искандари тезхун натавонист тоқат кардан андар бистар. Биғуррид чу шери захмӣ, ки чанголаш гиротар ва қавитар бошад аз ғазаб. Чунин рафтори сарлашкар мақдуниёнро шердил бикард ва ҳар кадом шерона ғурриданд ва ҳуҷумовар шуданд паёпай. Вале садди қавӣ шикаставу рахна зада наметавонистанд.
Мақдуниён чун марзаи баланду фарохро ба итмом расониданд, дастгоҳҳои саддшикан оварданд. Устувор карданд ва ҳамлавар шуданд: сангҳои азиму гаронвазн ба дарвозаву девор заданд.
Вале боз нашуд рахна садди мустаҳками Ғазза.
Ҳолиё ғалмағали зиёд андаруни девори диж буд. Ин шўру мағалро сарбозони мақдунии ба воситаи мағоку нақб ба шаҳр даромада ба миён оварда буданд. На танҳо шаҳрдорон, балки Искандар ноогоҳ монда буд аз чунин ҳамлаву пархош. Шаҳрдорон ҷонсарак гашта, сипоҳи беруни шаҳрро ба ҳоли худ гузошта, ҷанг бо сипоҳи пиёдаи аз зери замин баромада мекарданд; косакуҷомонам шуданд.
Они маҳшар буд:
Деворшикании дастгоҳҳо марзаи баланди Ғаззаро низ ба ларза оварда буд. Ҳар зарбаву бархўрди сангҳои азиму гаронвазн деворро нишону асар мегузоштанд ва кома. Ва боз мақдуниёни ба деворшиканӣ собиқадор ва таҷрибаандўхта болорҳои дарозу гаронро сари дўшҳо бардошта, баробар садо бароварда, зарба ба девор мезаданд. Девор меларзид; болор меларзид; одамони болорбардўш меларзиданд; замину замон меларзид. Шўре, қиёмате ба миён омада буд. Оҳиста-оҳиста лат меёфт девор, фурў мерафт дар худ; роғу дарз пайдо мекарду мешикаст чун тани тирхўрда.
Ва оқибат шуд рахна. Бо азобе садди азиму қавӣ ва сахтбунёд бишикаст дар ҳуҷуми чаҳорум. Девори шикаставу афканда зери пойи сипоҳи мақдунӣ бимонд чун пойандоз ва онҳо рехтанд ба шаҳр.

пешина
аз 391
навбатӣ