Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Разми пур аз хашму нафрату ғазаб оғозид. Ҷавонмардони Ғазза девонавор меҷангиданд. Чун размдида набуданд, сина сипар мекарданд ба синону найзаву тири адў; синасипар буданд ба умеде, ки ватан дифоъ кунанд. Шикофида мешуданд сарсинаҳо чунон ки бораи шаҳр. Фидоиёни диж он қадар хуфтанд ба замин, ки ҷойи пойгузорӣ набуд. Набарду овард идома дошт бар тори ҷасади мурдаҳои даҳҳазора. На мурда қадр дошт ва на зинда қадру қиммат.
Искандар низ дарду захми шонаашро фаромўш карда, боҳунар меҷангид; алами дарду захм меситонид. Ин бор ўро осебе расид аз пой. Вале ў чун яли рўйин миёни набардро нашикаст, балки лангон дар ҳама ҷой Батиси саркашу диловарро меҷуст.
Оқибат ўро пайдо бикард андар ҳарами диж.
Чун сахт ба ғазаб омада буд – зеро дар ягон пархош чунин захмӣ нашуда ва ин қадар азобу шиканҷа накашида – бе ҳеҷ андеша, ҳолпурсӣ ё ҳукм банд аз пояш андохт, барбаст ба гардуна ва амр кард бигардонанд тавофи шаҳр, рўйи бораи баланд. Чун марди ҷондоре намонда буд аз ғаззавиён аз баҳри интиқом, алам аз Батиси маҷрўҳ меситонд.
Гардуна мегашт гирди шаҳр ва мекашид як ҷуволи дарунаш гўшт пуркардаро. Ҷо-ҷо мерафту замин мерўфт ва рах мекашид; ҷо-ҷо дакка мехўрд ва саре чун ҳаппак меҷасту ба замин мезад.
Сари шоҳи Ғазза буд он: сари Батиси ватандору ватанхоҳ. Танашро дандони Замин меканд; сангу чўбу пораҳои шикастаи сафол, ки нўки тезашон чун теғ аз хок руста буданд. Хуни ў нақшу асар мегузошт ва гўйи бо фўтаи атлас мебаст миёни шаҳрро. Пўсти сару пўсти тан дарбеҳ мешуд замини даридаро.
Ин намоиш тозатарин ва ҷолибтарин намоише буд дар аҳди Искандари Мақдунӣ.
БАНДИ ПАНҶУМ
Ду нафар аз наздикон ва соҳибхидматонро Искандар ранҷонд:
сипаҳсолор Пармониёни солхўрда ва Аминта пури Андромонро.
Пармониёнро барои «Агар ман Искандар будаме, пешниҳоди Доро пазируфтаме» гуфтанаш ва Аминта сарвари сипоҳи кирояро барои ҷанги Тирро нахостанаш. Пармониён бебозгашт бирафт ба Димишқ ва Аминта бо сипоҳи ҳаштҳазораи кироя лашкар кашид сўйи Миср… Ва баъди он ки пирўз омад, аҳд кард бо хости дили хеш пой ниҳад, на бо амру фармони касе. Сарсипоҳи кирояи юнонӣ набарди Мисрро саҳл ангошта буд; ва бо осонӣ ба даст оварданӣ шуд ин шаҳри ҷангзада ва ситамкашидаро, ки аз замони Куруши Кабир то юриши Искандар аз даст мегузарад ба даст: Куруши Кабир аз бобулиён озод кард Мисррову ободон; Камбуҷия пури Куруш шўриши мисриёнро пахш карда, аз нав мутеъ сохт онро; ва баъдтар Ардашери Саввум ин амалро такрор бикард; ҳолиё навбат ба мақдуниён расида, ки мисриёнро аз асорати порсиён раҳо карданиянд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ