Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Он қадар бозӣ кард, ки Барзин низ ҳайрон монд; беайшу нўш ва ҳатто ғизое нахўрда, шоҳи ҷавон чунин рафтор кард ва гоҳе ки нафаси Барзин гашта буд, нимовоз гуфт:
— Ин аст Оби Ҳаёт, Искандар.
Чун Искандар низ ба ваҷд омада нафасаш танг гашта буд, сахт-сахт ҳаракат карда, беихтиёр фармуд:
— Ҳа... Ҳа! Ҳа! Ҳа! Ҳа-ҳа-ҳа... Ана ҳамин хел давлати бузурги Ҳахоманишиён решакан шуд...
Ва вазн андохта, рўй ба рўйи Барзин гузошт, дерёз барнахест.
Барзин даст ҳалқа карда, ўро оғўш гирифта буд ва ҳолиё эҳсос мекард, онҳо занушўянд; тоза, озода, бебўйу тафи машрубот, одамвор муошират доранд. Тангтар мекашид ба танаш шўро. Искандар низ меҳрубоние дошт, ки то ин лаҳза ба касе накарда. Дили Барзин пур аст аз гуфтаниҳо, аммо намехоҳад, ки чунин лаҳзаи ширин ғажду талх гардад. Ором, сокит, хамўш ва меҳрубон аст. Гоҳ-гоҳ гўшаи чашм ба Геракл мекунад, ки бедор нашавад. Ў рўболо, дасту пойҳояш парешон, хубрўй, хушнафас, лабонаш моили табассум хобидааст. Набуд, набуд, чунин рўз набуд. Ҳатто бори аввал, ки ба ҳам омада буданд, чунинаш набуд. Искандар сархуш, сармаст ва калаванда буд он рўз.
Козурзан ва ёваронаш кайҳост, ки дуртар аз хайма либосҳои тозаву озодаи шоҳона рўйи даст медоранд ва нигаронанд, то ишораи бурдан шавад. Андаруни чодар ҳама лучи модарзоданд ва касе ишора ба онҳо карда наметавонад. Пазандаҳо низ нигарони фармонанд; таштҳо дар даст, ҷому шароб нигоҳ медоранд. Шербаччаҳо кайҳо аз бунаҳои сари кўҳ бузу гўспанд оварда, пўсту пора карда, обҷўш пухта буданд, низ бар ташти симин сари даст медоштанд. Пайдост, базму хўроки имрўзаи шоҳ хонадонист, ки иборат аз се тананд. Ҳарчанд Барзин ин чизро диду медонад, нахоҳад аз оғўши шоҳи ҷавон раҳо шудан, дер насиб намекунад чунинаш.
Садои оби рўд меояд. Якмаром меояд. Дар гўши Искандар шавву шувв намерасад. Чунон форам, ки боз хобидан хоҳад. Искандар ғел гашт. Ў зер шуду Барзин боло... Бедор шуд Геракл.
Онҳо осема либосҳои намдор ба тан кашиданд ва берун омаданд.
Ва боз бо он либосҳо худро ба об андохтанд.
Дар ин миён козурон либосҳои тозаву озода ва ҳатто болопўшҳои фохиру шоҳонаи эронӣ оварда, даруни пардасарой гузоштанд ва бадар рафтанд.
Чун Искандару Барзин аз ду дасти Геракл бардошта, даромаданд ба саро ва либосҳои хеш бадал карданд, бо ишораи пардадори навомада ходимон бо таштҳои шароб, гўшти пухта ва кабоб ба дари чодар ҳозир шуданд. Аввалин бор Искандар бо зану писараш танҳо хўрок хўрд ва дарёфт, ки нашъае дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё