Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин замон даъвои муттаҳам кардани моро дорӣ!
Фавҷҳо, гурўҳу дастаҳо, худамову хўришгарон, корвониҳо ва ҳатто онҳое, ки дидбону посбон ба шумор мерафтанд, оҳистаоҳиста пеш омада, ҳалқаи зиндаи майдонро танг мекарданд.
Ва диққат ба гуфтору рафтори сатрапҳо, ҷондорон ва тарафгирон медоданд; мушоҳида мекарданд ҳаяҷону тез шудани онҳоро ва гоҳ-гоҳ даст ба қабзаи шамшер бурданашонро. Бештар Бесуси сияҳҷурда беқарорӣ дошт; бад-бад сўйи Набарзан менигарист, ки асрори ботинии ўро ҳувайдо мекард ва баъзеҳо дарёфта, ки дурўғ мегўяд ў. Мурувату мадоро гуфтанаш ва ба касе кина нагирифтанаш то аз об гузаштани хараш. Ба Набарзан менигаранду сар меҷунбонанд баъзеҳо, ки рўзи Доро ба сараш хоҳад омад.
Набарзан оне сар андохт, то чӣ посух гўяд ба дўғу даранги Бесус. Ў ҳеҷ касро намедид ҷуз Бесус, ки чӣ мурод доштанашро медонист; сари қудрат омадан буд мақсади бохтарӣ. Баъд чӣ шавад? На Бесус медонисту на Набарзан. Вале Набарзан ҳамин қадар хаёлу фаросот мекард, ки муроди Бесус як бор номи шоҳиро бардоштан аст, то халоиқ донанд, ўст аз дудаи Ҳахоманишиён.
Ва аммо касе бар ин гувоҳ набуда ва то замоне ки Дорои Кудумон зинда буд, касе ин ҳарфи Бесусро нашунида. Сар бардошт Набарзан. Ба назар ҳама нигарони сухани ў буданд, то чӣ ояд аз забонаш. Сар ҷунбонд ў.
Набарзан: Бале... Чун аз тухмаи Ҳахоманишиён касе нест, ту метавонӣ номбардори он бошӣ. Чунон ки дар набудани Камбуҷа муғбаччае худро писари Куруш ороста буд. Ва ин замон Ардашер шудани Бесус айбе надорад. Муқтазои табиаташ чунин аст.
Безобита шуд Бесуси тезвир, хурўшид дар худ. Нигарист ба атроф; касеро пайдо карданӣ буд аз қабили Моҳуй ва ҷаллод мехост. Аммо чун забардастие надошт ва мисли дигарон ҳуқуқи сатрапӣ дошт, оташаш паст шуд ва фармуд: «Порс дигар обод нахоҳад шуд!»
Ҳалқаи танг васеъ гашт ва касон ва гурўҳҳо ва фавҷҳо ва тамошобинон дур мешуданд. Ва яке садо омад:
Сотибарзан: Бесус сарвари мост!
Гўйӣ касе эътибор надод ва дур мешуданд. Бесус каф кўфта аз нав гирд оварданӣ буд ҳамаро. Бо тамоми овоз дод задан мехост. Моҳуйро талаб карданӣ мешуд. Нашуд. Касе чун муш (ба назараш) миёни пойҳоро хам хўрда мегузашт. Вале надонист, ки кист… Тохт сўйи Набарзан шамшер охта. Боздоштанд. Наъраи шерона зад.
Бесус: Шумо ҳар кадом дар ғами худ ҳастед! Ғаму дарди Ватан, Миллат ва Халқ барои шумо бегона аст! Мо ба мақсади ягонагӣ ва якпорчагӣ ин ҷо гирд омадем! Мурод ин аст, ки сарвари ягона дошта бошем ва зери дирафши бунафши эронӣ амру амал кунем.

пешина
аз 411
навбатӣ