Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Вале аллакай Биталомуси мисрӣ ва Файлотуси ҷанговар дастаи мардиҳоро танг дар доманаи кўҳ карда буданд.
Сахт овард мекарданд онҳо ва нағмаҳои асбтозии мардиҳо шоҳи мақдуниро дар ҳайрат гузошта буд. Искандарро воҳима гирифт, ки ин дастаҳо низ аз мардиҳо бошад, кори хуб нахоҳад шуд. Чун дастаи саворон наздик омаданд, Искандар дирафши зардро дид ва шодон гашт. Инони асби ҳамранг ба Бусефалро сўйи кўҳ тофт...
Мардиҳо чун диданд, ки биёбонро чун мўру малах ҷайшу сипоҳ пахш кард, рў ба гурез оварданд. Дастаи мунтахаби Искандар, ки як гурўҳи тирзан низ дошт, аз паси онҳо тир боронид ва раҳораҳ як-як ё аз асб сарозер мерафтанд ва ё рўйи думғозаву сағриву гардани асб ва ё ба ду паҳлўи зин хам мехўрданд. Ва онҳо ғайб заданд паси кўҳ.
Искандар то омадани фавҷҳо нигарон ба Бусефал монд, ки ҳанўз ҳам саисро ғам медод ва фишу дум фахха карда, аз модиёни сапед ҷудо шудан нахоста, кишнаву уштулум мекард.
Дастаи саворони тозарасида Бусефали мастро миёни модиёнҳои бешумор шўху бебок диданд ва Кратер ҳазл кард: «Мол соҳибашро монад, агар намонад, ҳаром.» Хандиданд. Ва Кратер дастаи гурезонро ишора карда, пурсид:
— Онҳо дуздидаанд?
— Равшан набувад. Иддао доранд, ки ба бўйи модиён омадааст.
Ва фурсати пурсу посухи зиёд нашуда, дастаи мунтахаби шоҳӣ бозпас омаданд гурезон ва аз паяшон чун галаи гургон тохт оварда буданд мардиҳо бо ҳазор нағмаву усул ва садоҳо доштанд ба тақлиди овози ҳайвонҳо. Онҳо дар нишебӣ дастаи хурди бегонагонро таъқиб накарда, баробари дидани сипоҳи бешумори биёбон сарсари кўҳҳои пасту баланд шиғ бастанд ва пиёдагон пайдо, шуда девор гирифтанд. Искандар фармони ҷанг накард.
Балки то омадани дастаи мунтахаб амр кард, омода ба ҷанг шаванд ва корвони роҳ бор аз пушти сутурон накананд. Сафи сари бора будагон зиёд мегашт ва ба назар паси девори зинда ҳисор месохтанд. Искандар бепарво буд ва сўйи ҷанговарони кўҳӣ нигоҳ ҳам намекард ва ҳушу ёдаш ба нағмаҳои Бусефал буд. Ва аз зуд-зуд пойҳо паҳн гузошта шошидани он ҳайрон мешуд: «Ин хел закин набуд.»
— Бисёр тохтааст, равғанаш об шудааст, – фармуд Кратер худро доно гирифта.
— Ё пир шуда бошад?
— На. Бусефал баробари Искандар пир хоҳад шуд.
Қийу чуви лашкари сари бора дунёеро ба ёд меовард, ки одамӣ нав аз марзи ҳайвонӣ ба майдони инсонӣ пой гузошта бошад. Ба назар ду сипоҳи гуногун рў ба рў омадаанд; яке ба эҳсос пўшида афзори ҷангӣ, дигаре ба ақлу таҷриба.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё