Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз хаму рост шуданҳо ва ҳаракату давуғеҷи мардиҳо пайдо буд, ки санг ғун меоранд. Чун Автофрадат пешопеши дастаи баргашта меомад, баробари бо Искандар рў ба рў шудан фармуд:
— Онҳо бисёр шуданд, ба гумонам хонахез ба ҷанг омадаанд. Санг ҷамъ мекунанд, ки мо ҳуҷумовар шавем, аз сарамон резанд.
Искандарро кифоя буд ин хабар, то омода гардад ва роҳи пирўзӣ ҷўяд. Бисёр чиз напурсид, ҷангталаб нашуд, балки ҳаллу фасл мекард масъаларо дар зеҳни худ.
Чун офтоб ба ғуруб мерафт, соя ба дашти Тапур андохт, вале ҳанўз шуоъйи он чашми лашкариёни сари бораро мебурд. Искандар аз чӣ буд, ки ҳеҷ гуна фармон намедод, то фавҷҳо омода ба коре ва ё ҷанг гарданд. Яқин бошад, ки шоҳи шабрав шабохун заданист ғофилгир карда душманро. Онҳое, ки сари кўҳ девора баста, ватандор буданд. Пастиву баландиҳои дашту пуштаҳо, вартаву тангноҳоро хуб медонистанд. Баробари ба сари Замин чодари сиёҳ андохтани Фалак шоҳи мақдунӣ фармуд галаи асбони мардиҳоро ҳалқа гиранд ва ҳамчунон ғарбтар ронанд. Ў медонист, ки омадани бадавиҳо бештар барои гала бувад, аз он ки ҷанг хоҳанд. Аз ин рў канортар рафтанд ва ҷое ки то торикӣ фаромадан галаи асбони мардиҳо меистод, нимдоира гирифтанд, ки молдорон шабохун хоҳанд зад.
Нимашаб сиёҳие чун шағоли мурғдузд синамол даштро убур карда, сўйи кўҳ мерафт, ки аз дур дидани он муҳол буд дар шоми бемаҳтоб. Нури ситораҳои дур лағзидани сиёҳии пастро нишон медод. Ба чашми касе метофт, ки эътибор бидиҳад. Вале касе эътиборе намедод ва ё гумон намекард, ки дар чунин ҳангом аз миёни лашкари Искандар ҷондоре ҳаваси гурез ё ҷосусӣ бикунад.
Гоҳе ки сиёҳӣ ба доманаи кўҳ расид, бузургтар шуд ва онро аз ду ҷониб диданд, ки сўйи кўҳ метохт. Искандар низ дид баъди хабари дидбонҳо. Вале нагузошт касе аз пайи ў равад. Ба ҷустуҷўй даромаданд ва зуд дарёфтанд, ки галабони асир гурехтааст.
Искандар он қадар андешаву мулоҳиза кард барои бо ин дастаи ноошно ҷангидан, ки дар ҷанги Доро накарда буд. Кратер, Аминта, Файлотус, Кен, Биталомус ва дигар корзордидагонро ҷамъ оварда, зери нури хираи ситораҳо, дар дашти фарохи Тапур, ки ҳанўз тафти офтоби гармгоҳ нарафта буд, сўҳбат орост, то чӣ бикунанд бо он бузҳои сари кўҳ. Ва маслиҳат шуд, ки Автофрадат аз одату феълу хўйи ин қабила маълумот бидиҳад.
Сатрапи Тапурия фармуд:
— Ин тоифа ғоратгар, ҷангара, ҳамлавар, нотарс, чолок ва худписанд. Ногаҳон ҳуҷум меоранд ва беамон зарба мезананд.

пешина
аз 411
навбатӣ