Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ба пиндошти шумо имшаб аз кўҳ фаромада ҳуҷум кунанд?
— Яқин чунин кунанд.
Ва Искандар, ки ҳанўз табиати ин ҷойҳоро намедонист, пурсид:
— Он тарафи кўҳ чӣ мавзеъ аст?
— Низ кўҳ. Ноҳамвор. Шабҳангом ҷангидан сахт душвор аст.
Вале барои онҳо мувофиқ.
Искандар то чӣ андоза дуруст будани сухани ўро намедонист, зеро гурехтани асири зери дасташон собит гардонд, ки бо ин тоифа ҳазлу шўхӣ кардан чандон боб нест. Ҳушёр ва бедор бояд буд.
Бо вуҷуди он шоҳи шабрав ҳилае сохта, шабохун задан мехост.
Зиёд мулоҳиза кард.
Чун посе аз шаб гузашта буд, ҳаммонанди шубонони хуб, ки рамаро аз девлох хезонда ба чаро баранд, Искандар низ лашкари то ин дам бедору омода ба сафарро ба ҳаракат оварда, бо он ҷониби дара боло бурд ва ҳалқа гардонда аз паси дастаҳои ғоратгари душман овард. Чун онҳо аз дашти рў ба рў нигарони омадани душман буданд, аз пас ҳуҷумовар шудани даставу фавҷҳои Кратеру Аминтаро надиданд. Якбора ҳамла оварданд ва мардиҳои лоилоҷ ҷанги душмани омадаро саҳл дониста, чанг ба чанг шуданд, вале чун донистанд, ки лашкари Искандар аст ва олам гирифтааст, худро ба ҳамвории дашти Тапур заданд. Аз он ҷониб дастаи Эрги ва Кен ва пиёдагон ва фавҷи саворони хориҷӣ тохтанд ва мардиҳои ба танг омада рост шуданд дараро. Ягонягон саворони мардӣ шуҷоат карда миёни дастаи анбўҳи саворони Кратерро бурида, бо дудамаҳои кўтоҳ ба ду тараф теғ зада, сафдарӣ карданӣ мешуданд, аммо ду-се саворро гузашта, сарозер мерафтанд ва зери суми асбон монда, рўдаву рўбчакашон берун меомад. Дараи фарох, ки марзи Тапурро аз Мардӣ ҷудо мекард, пур аз мурда шуд. Мардиҳои баномус ҳарчанд рў ба гурез оварда буданд, пас-пасравон овард мекарданд. Чун болотар рафтанд ба дасти рост гашта, рў ба мулки хеш оварданд ва миёни кўҳпораҳо ҷой гаштанд, ки ба ҷустан пайдо кардан муҳол буд. Мардиҳо ҷой шуданд дар тангноҳо, то дом ниҳанд душманро.
Чун чашми рўз кафид ва тортанаки зарин девори обии Фалакро часпида боло шуд, дар равшанойӣ намуд, ки аз ҳар ду тараф зиёд мурдаанду зиёд куштаанд.
Каргасҳои баднамои лошахўр боз пайдо гаштанд андар фазо ва ғаши Искандарро оварданд. Мурғони баднияту сархўр бол мезаданду сар ҷунбонда бо чашмони тангашон ба олами кушод менигаристанд ва хам мехўрданд ба рўйи мурдаҳо. Сояашон адири самти чапро мола мекард ва андар сангу хору буттаву ҷариҳо ва арчаҳои пасту пачақ мешикаст. «Сархўрон» аз зеҳн гузаронд ва дурахшидани шамшерашро дар нури хуршед дид. Шамшери асотирии Ахилл ёдаш омада, ковок шуд бар зин ва Сиёҳмушкинро як давр занонд ва сўйи тангно ҷилав гардонд, ки аллакай пиёдагони кўҳгарди мақдунӣ ду канори тангноро часпида, баромада буданд.

пешина
аз 411
навбатӣ