Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Рўзбонҳо, талоя ва ҷосусони искандарӣ мавқеъ ва ҷойи пиёдагон ва саворони душманро муайян карда буданд ва сипоҳи Искандар медонист чӣ кор карданро. Аз ду ҷониб андар даҳанаи тангно дастаҳои савораи мардиҳо ҷой гирифта, пиёдагон бар пояҳо ва рўйи шохҳои буридаи дарахтон санг тўда карда буданд, то бар сари душман бирезанд. Чун кўҳнавардони мақдунӣ пеш аз рў ба рў омадани саворон бо сарбозони пиёдаи мардӣ андар паси ҳар харсанге ё дарахте чанг ба чанг шуданд, ресмонҳои ба сангҳову танаи дарахтон таранг баста нобурида монд. Мардиҳо аз ҷанговарии мақдуниҳо дар ҳайрат афтода, аз паси харсанге ба харсанги дигар гузашта, рў ба қулла оварда буданд ва камандҳои сангдор ба дасти мақдуниҳо гузашта буд.
Гоҳе ки дастаи саворони мардӣ ба ҳамлаву оварди саворони мақдунӣ тоб наоварда, пас нишастанд, кўҳнавардони мақдунӣ камандҳои бастаро буриданд ва сангҳо рехтанд бар сари саворони мардӣ ва онҳо ё зери санг монданд ва ё сангрез садди роҳашон гашта, гурехта натавониста, ба дасти мақдуниён афтоданд ва дастаҳои андар даҳонаи дигари тангно буда аз чунин ранг гирифтани ҳол тарсида, рў ба фирор оварданд.
Искандар шаҳри мардиҳоро забт кард. Хаймаву козаву кулба ва саройу хонаҳои пасту зичи аз сангу чўб сохтаро оташ заду вайрон кард. Занону духтарон ба ғуломӣ гирифт ва ба ҳар сарбоз хостаашро бахшид ва гуфт: «Ин қабила аз зотҳои хуб насл гирифтан мехоҳад.» Пирони чарминапўшу палангинаву гургинапўш ва пўсти гўспанду ғизол бар дўш андохтаро чун рама ҷониби кўҳ ронд ва тамошо кард, ки чӣ ҳаракату мадоре доранд он пирон, ки чунин фарзандони ватанпараст, ҷангара, ғоратгар ва саркашу бадхўро тарбия кардаанд. Чунин сифатҳо ҳини тамошо аз дилу мағзи шоҳи мақдунӣ гузашт, ки чӣ нотавонанд ин пирон ва чӣ далеранд он ҷавонон. Онҳо лангида, хазида, афтидаву хеста, базўр пойи пасро кашола карда, аз пойи дигар пеш мегузоштанд ва аз тарси ҷону бими шамшер мисли сангпушти тарсу сари зери сангро пеш меоварданд. Пойҳои сўхтаву сиёҳ, пўсту устухон, кафидаву харошёфта ва ё аз савории зиёд каҷгашта ва пўсти чандиру овезони дунбаҳо, ки гоҳи лағзишу афтодан аз зери пўстакҳо менамуданд, дунбаи обгаштаи гўсфандони гаргинро ёд меоварданд, ки ғашбор буданд зиёдтар аз каргасҳои лошахўр.
Дастони бараҳнаи онон низ бадтар аз болҳои паррехтайу туллаккардаи лошахўрон буд. Ва ҳикояҳои дар бораи ин тоифа шунидааш ононро монанд ба лошахорони баднамо мекард. Бавижа ҳар замон ба сари халқони дигар тохта, буду шуди онҳоро ба яғмо бурда, муфтхўрӣ карданашон ногувортар аз мурдахории мурғон буд.

пешина
аз 411
навбатӣ