Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чуғзи баддаҳон бад гўяд, аммо ҳароммурдагонро нахўрад; ин мурғон чизе нагўянду хўранд.
Мадор накарданд пирон; раҳ ба раҳ афтода намехестанд. Ва сабаби ба кўҳҳо нагурехтанашон низ ҳамин бемадорӣ буд. Ва ҳолиё Искандар мехоҳад мурғони ҳаромхор ба сари ҳамин пирони қоқтар аз каргасҳо нишинанд.
Искандар пирўзиро дар ҳамон вайронаҳо базм кард. Дар канори рўдак, ки мақдуниён чунин обро то имрўз надида буданд, базм орост. Ва амр кард, ки аз ин оби мусаффо, поку зулол ва болаззат ва барои ин минтақа хеле сарм нўши ҷон кунанд ва сарбозон духтарони хушкардаашонро бар ин об андохта, тамиз карда, пасон ба канор кашанд. Сипоҳи мақдунӣ роҳи тўлонӣ ва пуршиканҷаро паймуд, бисёр чизҳо дид, бисёр чизҳо гирифт, вале чунинашро ёд надорад. Искандар ҳазар кард аз ин кўҳиёни оламу одам надида ва донист, ки широз (айрон) чист. Аз ишкамба ба косаҳои сафол ва чўбӣ рехта хўрдани широз низ ўро нафорид...
Ва фармуд гўспандон ва говони дар рустоҳо ва гирду атрофи он бударо оварда, ба зайли хеш пўсту пора карда, пухта хўрданд.
Сатрапи Тапурия Автофрадат ба хидматгоронаш фармуд, сипоҳро бо шароби хазарӣ таъмин созанд. Ҳамчунон шуд. Ва аммо ин базму ҷашн Искандарро хуш наомад: ҳар гоҳ ки пораи гўште ба даҳон мебурд, шакли каргасҳо, пойу дастони нозеби пирони дар танаи кўҳ мадор накарда, афтидаву фавтида ва мурдаҳои зиёди корзор пеши чашмаш меомад ва ў гўшти ба даҳон бурдаро бозпас ба хон мегузошт. Пайваста шароб мехўрд ва меғуррид:
«Куҷо омадам?» Ва гоҳе ки ин ҳама нохушиҳо ва баднамоҳо аз пеши назараш рафта буданд, чизеро ёд надошт.
Замоне бедор шуд, ки ҳама ҷо торик буд. Чаҳ-чаҳи бонавбати андалебон, чир-чири малахи сиёҳ ўро бедор кард. Садои рўдак меомад аз наздик. Гўё идомаи базм буд. Ҳаво серун. Ҷой бегона.
Гўш дод. Хуб диққат кард, ки дар куҷост. Ёдаш омад, ки охирин бор мардиёни кўҳиро ронда, дар канори рўдак базм ороста буд ва ҳоло дарёфт, ки дар пардасаройи хеш ҳаст танҳо. Пуф-пуф нафас баровардани ҳоҷиби паси дар меояд. Равшан, ки ягон одами бедор нест. Танҳо ў бедор аст. Бедори бедор на, нимхобу нимбедор, ки ҳеҷ чизро намедонад. Ҳатто намедонад, ки бархезад ва ё боз хоб равад. Ҳавои хуб. Ҳам дар як муддати кўтоҳ аз хоб сер шудааст ва ҳам ҳаваси фароғат дорад. Даст ёзид, то донад, ки дар саройи ў боз ҷондоре ҳаст ё на. Касе нест. Ғел гашт ва ба андеша рафт. «Дар дунё ҷуз куштан коре набудааст... Накушӣ, мекушанд. Кас дар ин миён набояд тамошогар бошад. Куштан беҳ аз он ки кушандат...
Аммо то кай? То кай мекушӣ? Рўзе хоҳанд кушт...»
Шағоле садои сагро тақлид кард аз кўҳ, вале садои саге барнаомад аз харобаҳо. Пас нағмаи хешро навохт шағол. Асбҳо сайҳа кашиданд. Искандар парешон шуд. Баъд садои норасидаи ҷонсўз ва гўшхароши духтари ҷавон баромад; ҷавон на, кўдакона буд.

пешина
аз 411
навбатӣ