Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Искандар сар бардошта, диққат дод. Такрор нашуд. Ё мурд, ё даҳонашро пахш карданд. Шоҳи мақдунӣ ҳамин ҳолатро таҳлил кард. Коллисфени таърихнигорро, ки дербоз ёдаш намеомад, ба хотир оварда, аз худ пурсид: «Шунида бошад? Ва агар шунид, чӣ гўён тасвир кунад? Даҳшат... Ё раво бошад? Замони ҷанг. Агар Коллисфен тасвир кунад, бояд он тарафашро низ гўяд, ки тоифа киҳоянд. Ва барои чӣ сарбозони мақдунӣ чунин рафтор мекунанд.
Дар ҷанг ҳама чиз раво бошад, ҳатто одамхўрӣ...»
Ў натавонист хобидан. Ба сараш зад, ки шояд садо овози норасида набуд, шояд аз дур чунин омад. Боз тоифаи ғоратгарон Барзин ва ё ягон гетерро набурда бошанд?
Бархост. Хамёза кашид. Поёнтар ғалмағал шуд. Искандар ба ҷойи он ки пардадорро ҷеғ занад, сар аз дарпарда бурун овард ва пурсид:
— Чӣ мағал?
— Духтараке сар нафаровардааст. Чаҳор лахт карда ба рўд афкандаанд.
Искандар чун муродро донист, сар боз кашид ба дарун ва ғурғур кард: «Айби худашон, медонанд, ки илоҷ нест, боз саркашӣ мекунанд.»
Ва ҳама чиз ва ҳама кас бедор шуд. Худ аз худ садоҳо пасту пахш гаштанд. Садои гетӣ ва маъмулӣ буд: нафаскашии умумии ҷону ҷонварон, ҳаракати умумии насу нос, ҳама-ҳама ва ҳатто гирд гаштани Замин, баланд шудани Хуршеди бесадо садо дошт. Аз ин рў олам пурмағал метофт ва садоҳои яккаву баланд ба гўш сахт мерасиданд. Ҳанўз он садои шабина дар гўши Искандар акс медиҳад.
Аз паҳлўи саропардаи ў сайҳаи шиноси асбе омад ва Искандар сар аз парда бурун оварда Бусефалро дид. Танҳо. Модиёни сапедро ҳамроҳ наовардаанд. Лоғар, хаста, харошёфта метобад.
Баробари дидани шоҳ сар афшонд. Шодбошу ҳолпурсиаш чунин буд. Искандар низ хандон омада, ёлу гардани онро дастмолу навозиш кард, ҳар як харошу лати танашро дида, дилсўзӣ намуд ва фармуд бишўяндаш дар ин об. Пасон худи ў аз миён болоро шуст дар рўд. Гуворо буд ин об. Афсўс ки ба ҷое бурда намешуд, вагарна Искандар метавонист бо кўҳу дарааш бубарад чунин обро:
«Оби Ҳаёт ҳамин бошад?»
Наҳор хўрданд. Искандар фармуд сари хон аз он об гузоранд.
Баъди ин сухан ҳама аз он об нўшиданд. Сари наҳор Искандар сатрапи Тапурия Автофрадатро сатрапи Мардӣ низ эълом дошт.
Ба ин хотир балбал бардоштанд. Пасон сипоҳи мақдунӣ бор баст.
Баргашт бо роҳе, ки омада буд. Онҳо яқин карда буданд, ки мардиҳои гурезон дигар барнагарданд. Хотирҷамъ роҳ месипарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё