Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Вале чун ба Тангно расиданд ва сари қофила ба даҳонаи он сўйи Тангно баробар шуд, аз ду ҷониб санг рехт. Лашкари ноогоҳи мақдунӣ осема гашта, чӣ кор карданро намедонист ва асбон аз санги ҷафои душман ҷувозак гашта дар гирдоб монданд ва киро сар шикасту киро пойу даст. Асбон низ захм бардоштанд. Ғўту сангҳои азим ба асбон бархўрда онҳоро аз пой афканданд ва саворон пиёда шуданд. Талафоти ногаҳонӣ шуд.
Равшан гашт, ки ин тоифаи роҳзан ба осонӣ ҷон нахоҳад дод.
Мазмун: баъди шикаст хўрда гурезон шудан дарёфта, ки сипоҳи Искандар роҳату фароғат мекунад ва фардо ҳатман бо ҳамин роҳ бояд баргардад, шаби дароз санг баста ба камандҳо, то қусури ҷанги дўшинаро барорад. Аз сангҳои рехта ва ҷо-ҷо аён мегардад, ки фурсат даста надода, то зиёдтар санг гирд оранд. Вагарна дар чунин танггирӣ ҳоли сипоҳи Искандар табоҳ мегашт. Асби зери рони Искандар низ шикастапо гардид ва Искандар шукр кард, ки Бусефалро лоғар дониста савор нашудааст. Шоҳ пиёда шуд.
Сар-сари сангҳои рўйи роҳ хобида рафта, ҷониби кўҳ нигарист ва паси харсанге ҷой гирифта, фармуд пиёдагон ба кўҳ бароянд.
Паси ҳар сангу харсанг як сарбози сипоҳи мақдунӣ ҷой гирифт.
Ва ҷанги сахт он гоҳ шуд. Гўё ба муроди тоифаи роҳзан буд ин овард. Пархоши пой-пойяк шуд аввал, ки ҳар сарбози тарафайн аз бун ё тори санге нигоҳ карда, душманро диду нишон мегирифт ва зуд-зуд ҷой иваз мекард. Тирҳои пардори тоифа ва тирҳои дупару чаҳорпару шашпари мақдунӣ ва тирҳои чўбии оҳансару пайкондор ғиз-ғиз ҳаворо бурида, ба сангҳо ё нишонҳо мерасиданд ва баъзан ҷон меситониданд. Чун аз буни сангҳо рў ба рў меомаданд, ҷанги тан ба тан мешуд ва теғу ханҷарҳои кўтоҳ, дашнаву акинак кор медод. Сарбозони мардӣ усуле низ доштанд, ки каманд андохта, душманро банд мекарданд ва гоҳе зўрашон нарасида, ресмон раҳо мекарданд ва сирри набарди хешро фош мегардониданд. Мешуд, ки аз сари сангҳо худро гурбавор ба сари сарбозони мушона поянда андохта, зуд ханҷар мезаданд ва ё сари санге баромада санг бар сари ҳариф мекўфтанд.
Автофрадат, ки тариқи оварди ононро медонист, зуд худро ба Искандар расонида, маслиҳат дод, ки амр диҳад, то сарбозон рў ба рў нараванд. Балки чанд тан онҳоро дар марказ андармон доранд, дигарон ҳалқа гиранд, то душман дар миён ояд. Зеро онҳо зиёд нестанд, вале дар чунин мавқеъ чӣ гуна ҷангиданро медонанд.
Искандар пазируфт маслиҳати ўро. Ў ба ҳама баробар амр карда наметавонист. Амри даҳон ба даҳон кард: Ба Кратер гуфт.
Кратер ба Аминта, Аминта ба Кен, ба Гестафин, ба сарфавҷ, ба сардор, ба сарбоз, ба барда ва ҳамин тавр дар як лаҳза даҳон ба даҳон паҳн шуд. Сипоҳ низ паҳну парешон гашт ва дур ҳалқа гирифтанд. Чанд тане, ки миёни сангҳои баланд буданд, хешро гоҳ аз як паҳлў, гоҳе аз бун, гоҳе аз паси санги дигар нишон дода, гоҳ-гоҳ тири болдор мепарониданд ва душманро андармон мекарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё