Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Онҳо аз ҳар ҷое, ки сояе ё саре менамуд, тир меандохтанд ва дергоҳ ба он нуқта нигоҳ мекарданд. Аммо душманони он бари кўҳ ба ёрони ин бари кўҳ хабар медоданд бо садои баланд ва зуд ҷой иваз мекарданд. Онҳо ба шеваи мурғону ҷонварон садо мекарданд, ки мақдуниён намефаҳмиданд, чӣ мегўянд онҳо.
Ва чунин рафтор ҳам сирри ҳарбии мақдуниёнро фош мекард ва ҳам мавқеи роҳзанонро. Баробари чунин садоҳоро шунидан фидоиёни мардӣ рост ба қулла нигоҳ карда мерафтанд ва сарбозони сипоҳи Искандар намеёристанд расонидан.
Сарбозони мақдунӣ то ҷое ки онҳо рафтанд, дунбола гирифтанд ва баъд ба таъқиб гузаштанд. Дидбонҳо ба пас расониданд, ки мардиҳои фирор карда ба ҳамворӣ рў овардаанд, асб мебод.
Саворон пешгардон рафтанд ва баъди чанд муддат гурезаҳоро диданд. Онҳо аз омадани саворони Искандар хабардор гашта, боз рў оварданд ба кўҳ. Ва он ҷо ба дом афтоданд, ки аллакай кўҳнавардони мақдунӣ пеши роҳро гирифта буданд. Чунон бо шўру шарар шамшер мезаданду дашнаву ханҷар, ки ватандорон пойи гурез намеёфтанд. Ронданду бурданду куштанд, нафаре ҷон ба саломат бурда натавонист. Пасон Искандар сипоҳро гирд овард, фавтидагонро дар ду канори роҳ дафн карданд. Сари сукут андохтанд. Шоҳи мақдунӣ Автофрадати сатрапро фармуд, то гўрҳоро нигаҳбонӣ кунад. Ва пой гардонд ба зини Бусефали номдор.
БАНДИ ҲАФТУМ
Яке аз шаҳрҳои бузургу сернуфуси кишвари Хазар Задракарта барои роҳату фароғат бобу мувофиқтар буд аз дигар шаҳрҳо.
Бесуси Бохтарӣ низ чанде пеш анҷумани сатрапҳои Шарқии Эронро дар ин ҷо гузаронида буд. Ва имрўз шоҳ Искандар низ худро ҳокими мустабиди ин кишвар дониста, маҷлиси тақдирсоз гузарониданист. Зеро ў хушҳол аст. Хушҳол аз ҳавои кушоду мавқеи ҷойгиршавии шаҳр ва пазироии шаҳрдори тозападиди кишвар Сотибарзан, ки то ин замон ҳокими Ориё низ ҳаст.
Сотибарзан бо нону намак чунон пазиройӣ кард, ки назираш рух надода буд. Канизакони хушгилу хуштарҳу хушандом, ки аз ҳарири Чин пироҳани якранг пўшида буданд ва абрўи маликабонуро бар пешонӣ ниҳодаанд, дар чашми меҳмонон афсонавӣ метобанд, ки шунидаҳо мефаҳманд, надидаҳо дида ва боз орзуи дидан мекунанд. Шояд дар таърихи Шарқ чунинаш рух надода бошад, ки Сотибарзан омода сохтааст. Аммо Фратофарн ин ҳодисаро дида, моту мабҳут гашт, ки ў ба ин мулк чӣ нисбате дорад. Сатрапи Ориёст. Он рўз Бесусро тарафдор буд ва имрўз Искандарро чунин пазиройӣ мекунад. Сўйи Набарзан нигарист, ки манам сатрапи ин ҷо. Ва Набарзан маънии нигоҳи ўро дарёфта, паст гуфт: «Шояд Бесус таъйин карда бошад?»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё