Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Фратофарн низ ба чунин маънӣ сар такон дод ва афзуд: «Рўбоҳ». Набарзан тасдиқ кард ба ишораи сар.
Сотибарзан низ ҳаракатҳо ва ишораҳои эшонро дида, дилаш дузд бурд, ки муҳокима мекунанд ўро. Ва сипоҳигариро фаромўш накарда, ба ишораи сар «салом» дод. Вале онҳо надида гирифта, ҷавоб нагардониданд. Сотибарзан пай бурд, ки кина гирифтаанд ва минбаъд ҷанг миёни онҳо хоҳад шуд. Ва ҳар ду тараф низ мағз об мекарданд, ки ин масъаларо бо кадом ранг ба Искандар бирасонанд.
«Ба Бесус чӣ шуда бошад?»
Фратофарн, ки зиёдтар ҳавасманд буд ва то ҳанўз сатрапи ин кишвар ба шумор мерафт, оҳиста пурсид.
«Шояд Бесус ўро сатрап таъйин карда бошад?»
«Шояд...»
Ва ҳоҷати миш-мишу баногўшӣ набуд, зеро метавонад дили Искандар дузд барад, ки онон сўиқасд ташкил кардаанд.
Дегҳои қатор нишонда буданд, гўштоб меҷўшид. Рўйи зуғоли шукуфта ва лахчаи ҳезуми бодоми талх кабоб мепухт ва гўспандони яклухтро бар чўбдастаҳо гузаронида, тори оташ тоб медоданд.
Онсўтар бар қади роҳ дастархони неъмат ороста буданд, ки бояд сипоҳу қофиларо мегунҷонд. Чунин манзара хоби Искандарро ёд овард, ки шабе чунин хонро дар водии кушод фағфури Чин ороста буд. Дилаш хавф бурд. Матбахиён ва табибони хосаашро фармуд, то чошнӣ аз таомҳо бикунанд. Хидматгорони тозалибос обдастаҳои симину мисӣ ва ҳатто зарин дар даст, пораҳои дебои сапед бар дўш одоби шарқиро риоя намуда, майл ба тавозўъ меистоданд ва дар асл ба меҳмонони аз дуродур омада як навъ тамиз омўзонданӣ буданд. Ва аммо сарбозони мақдунӣ ва юнонӣ ва кирояҳои эллиниву бобулӣ тоқат ба навбати дастшўйӣ накарда, дар оби равони ҷўйбори канор гарду чанги роҳро шустанд. Ва гўйӣ ҳар кас ҷойи хешро медонист; он сўй равон шуданд. Ба дасти Искандар аз дастобаи тиллойӣ об рехтанд. Ду чашми Искандар ба он обдастаи пурнақшу нигор буд, ки сарпўшаш гунбадро мемонд ва андар сари обдаста низ қуббае буд, ки сари бурҷҳо гузоранд ва Искандар ҳамонандашро дар Бобул дида буд. Ақли Искандарро рабуд обдаста. Ҳанўз оби сару рўяшро дастмол накарда, обдастаро гирифт ва ҳама ҷояшро гардонида тамошо кард ва тоқат наоварда, аз ходим пурсид: «Аз чӣ?» Ва ходим посух дод:
«Аз тилло». Замоне ки шоҳ ба тахти равони барои саҳро сохта сари хон нишаст, он обдастаро наздаш гузоштанд. Искандар боз пештар аз хўрок гирифтан он асари санъату ҳунарро бардошта, хуб зеҳн монд, сар ҷунбонда, бозпас ба ҷояш гузошт. Пасон рў овард ба хони неъмат. Бо ишораву иҷозаи таббохиёни хоса ва табибони хонадон даст ба нозу неъмат бурд ва баланд кард балбал: «Барои пирўзиҳо!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё