Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва дигарон такрор карданд: «Барои пирўзиҳо!»
Паёпай соғари бода баланд мекарданд. Ва Искандар ба чизе эътибор надода, бархост аз тахти саҳройӣ ва ба диж рафт. Либоси шоҳии модӣ ба бар гирифта бозпас омад. Ба назари мақдуниёну юнониён шоҳ бегона тофт. Карру фарраш дигаргуна буд. Виқор дошт сохта, сар баланд гирифта буд бо такаббур. Тоҷи мурассаъ ба сар ва ҷомаи фохири зарбафту зарнигор гирифта буд ба бар, ки медурахшид аз нури хуршед. Аввал порсиён каф кўфтанд, сипас дигарон. Шоҳ низ шарқиёна даст бар сари сина таъзим овард ва бар маснади саҳроии Сотибарзан сохта нишаст. Бода бихўрд.
Ширамаст шуд. Чун хумори ҳангома гирифт, тахтапушт бар муттакои сандалӣ пахш кард ва пой ёзида, гуфт:
«Пойи шоҳи Порсро бибўсед!»
Касе гумон накарда буд ва чашм надошт, ки аз Искандар чунин бар ояд. Сукут варзиданд. Нафаре ҳаракат накард. Искандар шўрид:
«Мақдуниён! Юнониён! Ёд бигиред эҳтиромро аз порсиён!»
Порсиёнро сахт расид ин сухан, ки махсус бозӣ мекарда бошад.
Пойи дуввумро низ ёзид шоҳ Искандар. Мақдуниёну юнониён, ки бадомўхт нашуда буданд, чунин рафтори шоҳашон сахт расид, пеш наомаданд. Пиндоштанд, ки шоҳ аз ҳад мегузаронад, зуъм карданд.
Аз ҳама бештар Сотибарзан дар ин боб андешид: «Ў меҳмон аст. Ва шоҳ. Эҳтиромашро бояд баҷо овард... Ва баъд ҳар кас худаш донад.» Бархост. Пеш омад ва зону зад назди тахти шоҳ Искандар. Даст бар попўши модии ў соида, молид ба чашм. Ва дигарон кўркўрона пайравӣ карданд. Аввал порсиёни мансабхоҳу сатрапҳо ва баъд юнониён, аммо мақдуниён худдорӣ мекарданд.
Нафрин мехонданд нағмаҳои рўзафзуни лашкаркашро ва як навъ зуъм ҳам доштанд, ки ў шарманда кард миллати мақдуниро. Ба ҳар ҳол, навбат гирифта, қатор шуда буданд ба побўсӣ. Пасон садои Искандар баромад, ки мастиро пеш оварда, дил холӣ мекард:
«Шумо мақдуниён ёд намегиред! Шумо ба ситам одат кардаед!
То одам шуданатон ҳоло ҳаст! Якрав, шахгардан, бадомўз! Рўзе ки ба саратон бало бор шуд ва гоҳе ки шайтон ба гарданатон савор шуд, шоҳ барои шумо лозим! Аммо гоҳи осудагӣ, фароғат шумо нозгунҷи шоҳед! Порсҳо одамони камақл нестанд, ки пойи шоҳро бибўсанд! Шоҳ барои онон худост! (Ў ин суханро ба таъкид гуфт ва сахт расид порсиёнро. Ба ҷунбиш даромаданд.
Сўйи Сотибарзани «хушомадгўй» каҷ нигаристанд. Сотибарзан низ каҷ нигарист ба онҳо, ки кори худатро бикун, теғ бар ман накаш. Вале ҳар кас ба қадри фаҳмишаш рафтор мекард.) Дуруст бувад рафтори порсиён: шоҳон худоянд дар рўйи замин! Ва агар худо на, фиристодаи ў, намояндаи ў ҳастанд.

пешина
аз 411
навбатӣ