Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

(Калавид.) Мақдуниён! Шумо ҳама писарони худои Зевс ҳастед! Инҳо, порсҳо ҳама фарзандони худои бузург Аҳура Маздо! Бифаҳмед, А-ҳура-маз-до! Шумо дидед? Сотибарзан кам нашуд! Ба побўсӣ одам кам намешавад. Аммо меҳр, садоқат ва ихлос равшан мегардад.
Одамонро мешиносӣ, ботину зоҳирашон равшан мегардад. Мақдуниён! Побўсӣ эҳтиром аст! Шумо ҳазар мекунед! Шумо худро баландтар аз шоҳ меҳисобед! Дафъ шавед аз назарам! Ман худои худ ҳастам! На худои шумо! На шоҳи шумо! Ман – шоҳи Порс!
Шоҳи олам! Ҷавоб ба ҳамаатон! Баргардед, мақдуниён!»
Чун садо баланд шуд, ҳама ба таҳлука афтоданд ва бархостанд.
Ба такопў даромаданд, то коло ва чизҳои дар тўли ҷанг ғанимат афтода ва шоҳ Искандар ҳамчун ранҷмузд бахшидаро ғун оранд.
Онҳо рост бовар карданд гуфтаҳои Искандарро. Зеро даҳон ба даҳону гўш ба гўш рафта буд, ки шоҳи мақдунӣ хаста ва пушаймон гашта аз ҷангҳо, ёди ватан карда, баргардад ба Мақдуниё.
Ва Искандари Сонӣ се ҳазор сарбози савора ва бист ҳазор ҷанговарони пиёдаро баргузид, барояшон нутқ эрод кард:
— Ман омода ҳастам бо «дўстон» ва сарбозони мухтор ҷангро идома бидиҳам! Онҳое, ки хаста шудаанд, ҷанг ба дилашон задааст ва нақшаҳои ман маъқулашон нест, метавонанд бираванд. Таъкид мекунам, ки агар шоҳро тарк кардан хоҳанд, рой эшонро. Вале бидонед, ки Искандар мақдуниёнро дунё бахшид! Ин кор на аз дасти ҳар мақдунӣ ояд.
Идомаи сухани шоҳро шунида намешуд. Сухан ба ғал-мағал гузашт. Канда-канда гўйишҳои ҷанговарон меомад, ки майли ҳамроҳи Искандар рафтанро доштанд. Саргўшиву баногўшиҳо низ зиёд буданд. Ва барои ҳама гуна садову миш-мишҳоро пахш кардан шоҳ овоз баланд кард:
— Шояд андешаҳои дигар низ бошад?!
Ва маҷлисгоҳ ороми ором шуд. Ҳатто ба баландтар нафас гирифтан ҷуръат намекарданд. Файлотуси пури Пармониёни сипаҳсолор гоме пеш гузошт ва андешаҳояшро иброз дошт:
— Касе ба биҳишт рафта, барнагаштааст. Вале шоҳи мақдунӣ Искандари Сониро лозим меояд, ки аз нимароҳи биҳишт баргардад. Зеро мо нав ба нимароҳ омадаем ва то биҳишт роҳ дур аст.
Дар ин роҳ зиёд матлубу номатлуб чизҳоро дидем ва шунидем.
Шояд ҳамин нукта шоҳи мақдуниро таъсир гузошта, ки масъалаи бозгашт ба миён омадааст.
Искандар: — Боз кӣ?
Гефестион: — Файлотус дуруст гўяд. Пирўз баргаштан бартар аз пирўз мурдан.
Искандар: — Чаро шумо ҳама нияти бад доред?
Кратер: — Зеро сипоҳ чунин андеша дорад! Ҳама мехоҳанд ба ватан баргарданд. Ҷанг ба дилҳо зада.

пешина
аз 411
навбатӣ