Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аминта: — Мо ҷонибдори Искандар ҳастем. Вале на ҳама кор ба муроди мост. Саҳл монда буд то мурдан. Ҳамагон бо чашми худ дидем, ки аҷал аз одам намепурсад, ки мурдан мехоҳӣ ё на?
Ҳар яки мо борҳо бо марг рў ба рў шудаем. Мо бояд шукр гўем, ки аз шаҳри мардиҳо зуд баргаштем ва онон имкони дар он тангно санг фаро овардан наёфтанд. Агар ба айшу нўш дода шуда ба душман имкон медодем, ки хуб санг ҷамъ орад ва гоҳи дар тангно будан якбора ба сарамон резад, нишоне аз мо намемонд. Мо бояд биандешем ва маслиҳати доноёнро гўш диҳем.
Искандар ором ва осуда вонамуд кард хешро. Ба «дўстон»
нигарист, ба ҳамрикобон ва ҳамнабардон. Ва суоли боре ба миён наомадаро пеш овард: «Коллисфен чӣ мегўяд?»
Коллисфен: — Искандар – шоҳ, мефармояд. Дигарон – сипоҳ, фармон баҷо меоранд. Он чӣ шоҳ хоҳад, ҳамон шавад.
Баногўшӣ шуд. Баъд шунаво ва боло шуданд садоҳо. Мағал шуд.
Искандар: — Ман чунин умед доштам аз Коллисфени таърихнигор.
Садои якум: — Ў як хушомадгўйи дигар!
Садои дуввум: — Ў воқеанигор. Мехоҳад ин ҳарфаш низ дар сафҳаи торих бимонад!
Искандар: — Нагузаронед аз ҳад! Мо барои маслиҳат гирд омадем, на барои ғайбат!
Клит: — Пайдост аз гуфтаҳо, ки баъзе ватанро ёд карда, бархе аз набардҳои бемаънӣ дилгир гашта. Саввумӣ ё ба эҳтироми шоҳ майли ҷанг доранд; ё худ сер аз ҷангу куштор ва ё симу зар нашудаанд.
Искандар: — Худи ту чӣ хоҳӣ? Ҳарчанд аз гуфторат ниятат равшан аст, вале рўшод ва озод бигўй пеши ҳамагон.
Клит: — Бозгаштан ва ё ба Биҳишт рафтан ба ройи ман набувад. Ин масъаларо шоҳ Искандар ҳаллу фасл хоҳад кард.
Искандар: — Ман донам чун ҳал карданро, Клит. Лекин ту бигўй, ки чӣ бояд кард?
Клит: — Ман дўст ва рафиқи деринаи шоҳ ҳастам. Ҳар чӣ ў гўяд, он кунам.
Искандар: — Ҷанг ҳамаи шуморо дар хумдонҳо гудохтааст.
Пухтаед. Муғамбир шудаед... Боз кӣ?
Гефестион: — Ў аз ибтидо чунин дурўя буд.
Клит: (Вағғида.) Туро чӣ алам расида? Андешаатро бигўй! Бо ман чиро тақсим карда натавонистӣ?
Гефестион: — То кай косалесӣ кунӣ? Андаке пеш гуфтӣ, ки сипоҳ бояд баргардад. Инак ҳама борро бар дўши шоҳ меандозӣ!
Шоҳ туро маслиҳат пурсида, ки...
Клит: — Пас чаро ту равшан нагўйӣ?

пешина
аз 411
навбатӣ