Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Гефестион: — Охир ман гуфтам ба гўши ту барин карон: Пирўз баргаштан аз нимароҳ бартар аз пирўз мурдан дар охири роҳ!
Боз чӣ гўям!?
Искандар: — Ман баҳси бебуни ҳар дуи шуморо нафаҳмидам.
Шумо чиро тақсим карда наметавонед? зари Порсро? Гетереро?
Ё дўшизаи дўшинаи мардиро? А? Савганд мехўрам: бори дигар маншаи шуморо бинам, ҳар дуро хоҳам кушт!
Хомўш гашт давра ва ба назари Искандар лошахўрон пайдо шуданд андар фазо. Ва ў чашмонашро ба замин дўхт, пасон ба Коллисфени таърихнигор, ки тез менигошт. Ба назари Искандар ў андешаҳои хешро менавишт, ба вазъ ва майлу дархости шоҳ коре надошт.
Искандар: — Боз кӣ?
Ин пурси Искандар барои он буд, ки Коллисфенро ба худ орад ва ў чӣ навиштанро фаҳмад. Вале таърихнигор сар боло накарда менавишт ва пархомааш бозӣ дошт. Дигарон хомўш буданд. Шояд дарёфта, ки Искандар чӣ хоҳад аз эшон. Ў дилу нияти ҳар кадомро донистан в-он гаҳ амалиёт гузаронидан мехоҳад. Ва сарфавҷҳо ва мамлукҳо як-як майл карданд ба тарафдории ў, аммо сарбозон ва мамлукҳои дунёйӣ ёфта дудила буданд.
Искандар: (Мадд кашида) Сипаҳбадон, сарбозон ва сарфавҷҳо!
Шояд шуморо зиёд ранҷ додам. Бидонед, ки ин корро аз рўйи хушӣ ё серӣ накардаам. Ҳар чӣ буд, аз рўйи нангу номус ва ор буд. Мо абадӣ ин ҷо нахоҳем монд. Мо ин кўҳу заминҳоро бардошта, ба Мақдуниёву Юнон бурда натавонем, ҳарчанд ки орзу дорем. Ғараз ин нест. Вале ҳолиё ин заминҳо ва ин кўҳҳо аз они мост. Чун аз нимароҳ баргардем, касе ин мулкро мулки мақдунӣ намешуморад, ҳатто боҷу хироҷ ҳам нахоҳад дод. Аммо чун ин ҷо ҳастем, ин мулки мост. Ва ҳама гуна масъала шояд риоя шавад. Чун пушт гардонем, шўру балво хезад ва гумоштагони моро нобуд кунанд. Пас чӣ маънӣ дорад, то ин дуриҳои дур расида, Искандарии Ақсо сохтани мо? То ҳастем, ин бегонагон бо мо дўстанд, чун нестем, бо мо душмананд... Масъалаи дигар ба даст овардани Бесус аст. Ин мори захмиро ба ҳоли худ гузошта рафтан хавфнок бувад. Мори захмӣ заҳр занад бадтар аз морҳои дигар.
Шумо осема нашавед. Мақдуниёи мо ҷое нагурезад. Аммо ин гўри гурезон аз даст равад. Аз ин рў моро чаҳор рўз лозим аст, ки бар асари Бесуси шоҳкуш биравем, дастгираш кунем, ба мардум ҳисобот диҳад, то порсиён донанд, ки шоҳи ононро Искандар накушта...
Ва аммо Искандар баъди чунин ваъдаву воиз понздаҳ рўз дар ин шаҳр айшу ишрат кард. Миннатдор аз хидматҳои Сотибарзан ўро ба кишвари Ориё ҳамчун ҳоким фиристод. Магар аз хидматҳои аз андоза зиёд ва побўсиҳои ҳавасмандонааш дилаш раг зада буд ва хавф кашида буд, ки сарфавҷи аконтистҳо (найзаварон) Анаксиппи мақдуниро ҳамроҳ кард бо сатрапи Ориё.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё